• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
25.11.2020 06:29

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ДУШМАНАТ БОДО ПАРЕШОН, ТОҶИКИСТОН!

138.JPG - 221.60 KbРӯзи 23-юми ноябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, душманат бодо парешон, Тоҷикистон!” баргузор гардид. Нахуст чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ҳусни оҳоз бахшид. Сипас, Маъди Абдураҳмонов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар мавзӯи “Парчами давлати рамзи Истиқлолияти миллӣ” маърӯза намуд.

 
24.11.2020 11:17

 

ПАРЧАМАТ БОДО, ПАРАФШОН

133.JPG - 149.23 KbРӯзи 24-уми ноябри соли 2020 дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо, парафшон ” баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедра н.и.и Аюбов Диловар оғоз бахшид.

 
24.11.2020 11:13

 

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ САРЧАШМАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

129.JPG - 156.06 KbСанаи 24.11.2020 бо ташаббуси раиси ҷавонон, иттифоқи касаба ва раиси шӯрои духтарони донишҷӯёни факултети технология ва соҳибкорӣ семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи "Парчами давлатӣ сарчашмаи Истиқлолият" баргузор гардид, ки дар он декани факултети мазкур н.и.т., дотсент Сияҳаков Сафаралӣ ва ассистенти кафедраи методикаи таълими фанҳои тахассусӣ Оев Шамсиддин пиромуни ин мавзӯъ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

 
24.11.2020 03:48

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

 
23.11.2020 12:20

 

МАВҚЕИ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ДАР ПИРӮЗИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

122.jpg - 127.68 KbРӯзи 23.11.2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогика маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён бо номи «Раҳнамои ҷавон», ки бо мақсади тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ зери роҳбарии муаллими калони кафедра Бегова Фарзона амал мекунад, бо иштироки донишҷӯёни факултети химия ва инчунин намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ н.и.п. Аҳадов Зайниддин, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Хидиров Улуғбек таҳти унвони «Мавқеи Дирафши ковиёнӣ дар пирӯзии тамаддуни ориёӣ» бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
23.11.2020 12:08

ПАРЧАМ РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

121.JPG - 178.95 KbСанаи 23 – юми ноябри соли равон дар толори бинои асосӣ бо ташаббуси бахши магистратураи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ – назариявии бо иштироки магистрантони курси якум баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханронии муовини ректор оид ба илм д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир оғоз ёфт. Дар идома аз ҷониби магистри курси 1-уми факултети таърих Соидов Соҳибназар дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи XYII – уми Шӯрои Олӣ дар пойдории истиқлолияти давлатии тоҷикон”,

 
23.11.2020 11:51

 

ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО

112.JPG - 227.85 KbИмрӯз 23.11.2020 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ таҳти унвони “Парчами мо – ифтихори мо” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона чорабиниро оғоз бахшида, доир ба рамзҳои парчами миллӣ суханронӣ намуд.

 
23.11.2020 04:53

 

ҶАМЪБАСТИ КОРИ КОМИССИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

95.JPG - 153.27 KbНимаи дуюми рӯзи 21.11.2020 дар толори бинои асосии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбасти кори комиссияи аттестатсионӣ бо иштироки деканон, мудирони кафедраҳо ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.  Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим н.и.ф, дотсент Қосимов Саъдӣ суханронӣ намуда, ҳайати комиссияро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ