• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
21.11.2020 09:40

 

ОҒOЗИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОСӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

81.JPG - 136.35 KbРӯзи 21.11.2020 маҳфили навбатии “Адабиётшиносӣ” – и кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо мақсади тафсир ва ташреҳи умдатарин абёти осори классикӣ, ки фарогирии мазмун ва мундариҷаи лирикиро дар бар мегирад, баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ, Шарифзода Боймурод иштирок намуда,

 
20.11.2020 10:21

 

КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

75.JPG - 171.65 KbСубҳи имрӯз, 20.11.2020 дар толори бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ комиссияи аттестатсионӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи иттифоқи касабаи Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳайати Комиссия ҷиҳати аз аттестатсия гузаронидани кормандони шуъба ва кафедраҳои техникӣ, табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин омӯзгори забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ, романӣ-германӣ ва франсузии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе аз 5 нафар иборат буд:

 
20.11.2020 10:07

 

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

74.JPG - 146.14 KbСанаи 20.11.2020 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии шоир ва омӯзгор Равшани Ҳармоҳ маҳфили навбатии “Ҳусни баён” бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯн баргузор гардид. Нахуст, Равшани Ҳ., маҳфилро оғоз намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва рамзҳои парчами миллӣ ба ҳозирин маълумот дод.

 
20.11.2020 04:33

 

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ  РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

60.JPG - 235.67 Kb

Рӯзи 19.11.2020 бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дар хобгоҳи №7 байни донишҷӯдухтарон мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов М., дар мавзӯи “Парчами давлатӣ рамзи истиқлолияти миллӣ”,

 
19.11.2020 11:07

 

ОМОДАГИХО БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

58.JPG - 271.80 KbИмсол шуруъ аз нимаи дуюми моҳи ноябр боду ҳавои номусоид дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба назар гирифта шудааст. Боридани барфи навбатӣ ба донишгоҳ ҳусну таровати зиёдеро зам намуд. Шохаҳои дарахтони пур аз барф, замини сап-сафед ва рафтуомади одамон дар зери барф аҷоиб саҳнаест, ки аз тамошои он сер нахоҳӣ шуд. Аммо боридани барф бархе аз шохаҳои хушки дарахтонро шикаст.

 
19.11.2020 10:33

 

ТАЪСИРИ РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ЗАХИРАҲОИ

ОБИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШГӮИИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

54.jpg - 174.91 KbРӯзи 19.11.2020 бо ташаббуси мудири кафедраи географияи табии факултети географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.г.,дотсент Рауфов Раҳматулло Неъматович дар якҷоягӣ бо Агентии обу ҳавошиносии кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 солагии “ Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018 – 2028” мизи мудаввар таҳти унвони “Таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон ва пешгӯии офатҳои табиӣ” доир гардид.

 
19.11.2020 09:15

 

ФАЪОЛИЯТИ УМУМӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОЗАНАШРИ МАМАДҶОН МАХКАМОВ ДАР ЗАРФИ ЯК СОЛИ ОХИР


53.png - 66.28 KbМаҳкамов Мамадҷон (тав. 7.09.1951, деҳаи Понғози н. Ашт). Номзади илмҳои педагогӣ (1993), дотсент (2001). Соли 1974 факултети механикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм карда, дар вазифаҳои лаборанти калон (1974-1975), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии таълими програмавии донишгоҳ (1975-1980) кор кардааст.

Солҳои 1986-1989 аспиранти ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математика (1980-1997, 2002, 2006-2007, 2013), мудири кафедраи методикаи таълими математика (1997-2000), сардори шуъбаи таълим (1997-2000, 2002-2006)-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва солҳои 2000-2002 дар Маркази идораи лоиҳаи кредитӣ дар соҳаи маориф ВМ-и ҶТ ва бонки ҷаҳонӣ, аз 1-уми августи соли 2007 ҳамчун сардори Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 16.06.2008 то 1 феврали соли 2011 муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМ-и ҶТ кор кардааст.

 
17.11.2020 03:21

 

 

ҒОЛИБИЯТИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

46.jpg - 89.08 KbРӯзи 17.11.2020 тибқи нақшачорабиниҳои ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-ум то 16 уми ноябри соли равон мусобиқаи бозии волейбол миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа, 16 даста байни ҳам рақобат намуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ