13.11.2020 10:51 |
ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
Санаи 13.12 2020 дар байни донишҷӯёни факултети биология даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Аз рафти баргузории олимпиада Муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов А., дидан намуда, афзуд, ки донишгоҳи мо дар омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамасола дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост. Дар олимпиада 33 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз он 10 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
|
13.11.2020 08:59 |
АСРИ БИРИНҶ, ДАВРАБАНДӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶУДОКУНИИ ШАҲРИ САРАЗМ
Рӯзи 12.11.2020 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дарси кушоди муаллими калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Шарипов Маҳмадалӣ аз фанни археология дар мавзӯи “Асри биринҷ, даврабандӣ ва масъалаҳои ҷудокунӣ (шаҳри Саразми Бостонӣ)” баргузор гардид. Доир ба ин мавзӯъ Шарипов М., афзуд, ки ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Саразм, ки 15 км ғарбтар аз Панҷакент ҷойгир аст,
|
12.11.2020 15:21 |
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ПЕШВОИ АСРИ XXI
Рӯзи 12 – уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ташаббуси мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов Маъдӣ мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, Абдураҳмонов М.,дар мавзӯи “Пешвои миллати тоҷик, Пешвои асри XXI” маърӯза намуда, афзуд, ки мо ҷавонон бояд ифтихор намоем, ки дар чунин ватани ободу ором зери роҳбарии Пешвои сулҳовару сулҳпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр бо сар мебарем.
|
11.11.2020 09:38 |
ҒОЛИБИЯТИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАК БОШАД
Рӯзи 10.11.2020 мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аз санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
|
10.11.2020 10:15 |
ОИЛА ВА ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Санаи 10.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Оила ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гарддид. Конференсияи илмӣ-амалии мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонони иштирокнамударо ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед намуд.
|
09.11.2020 17:49 |
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
06.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
|
09.11.2020 10:47 |
МЕТОДИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ
Рӯзи 8.11.2020 бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ дар мавзӯи “Тадбиқи низоми муносибати босалоҳият дар таълими забон ва адабиёт” бо иштироки декани факултет д.и.ф, профессор Восиева Рухшона, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, прорфессор Шарифмурод Исрофилниё, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Солеҳов Шамсиддин, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Азиз Мирбобоев, муовинони декан ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
|
06.11.2020 14:41 |