20.10.2020 08:15 |
“АНВОРИ ДОНИШ” ФАРОГИРИ ПАЖӮҲИШҲОИ ПУРАРЗИШ
“Анвори дониш” – чунин ном дорад маҷмӯаи илмии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Мақолаҳои олимон Нӯъмонҷон Ғаффорӣ “Тасвири образи модар дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ”, Саидмуроди Хоҷазод ва Абдурашид Ализода “Тасвири рӯҳи замон, аҳволи мардуми ҳунарвар ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар “Шаҳрошӯб”- и Сайидои Насафӣ”, Восиева Рухшона ва Тоҷиева Фурӯғ “Образи занони мубориз дар романи паҳлавонии “Доробнома”- и Абӯтоҳири Тарсусӣ”, Нуралӣ Нуров ва Хусрав Зокиров “Пешвои миллат ва шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкори Мавлоно”, Валиев Ҷамшед “Забони адабӣ ва рисолати давлатии он”, Равшани Ҳамроҳ “Тафсири даҳ ғазали шайх Камоли Хуҷандӣ” ва ғ. дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносиро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.
|
17.10.2020 11:49 |
ТАНТАНАИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар майдончаи варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Ҷашни Меҳргон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода бо аъзоёни ҳакамон аз намоиши маҳсулотҳои омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд. Ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зимни суханронӣ тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ин иди миллӣ табрику таҳният хонданд. Ҳамчунин ба дастархони омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, миннатдории раёсати ДДОТ ба номи С.Айниро ба онҳо расониданд.
|
17.10.2020 05:05 |
ШАНБЕГИИ ДОНИШГОҲ БАҲРИ ОБОДОНИИ ДОНИШГОҲ
Субҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Шанбегии мазкур таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ ва ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода сурат гирифт. Дар ин шанбегӣ, тамоми кӯчаҳои гирду атрофи донишгоҳ аз партовҳо ва хазонрезаҳо тозаву озода гардонида шуд.
|
17.10.2020 03:05 |
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16.10.2020 18:49
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
“Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармоед.
Аз нав интихоб шудани Шумо шаҳодати он қадрдонӣ ва эҳтироми олие мебошад, ки мардуми Тоҷикистон нисбати Шумо доранд. Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар муқобили хатару таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ба роҳи рушду шукуфоӣ гузашт.
|
16.10.2020 10:48 |
Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ
16.10.2020 11:47, шаҳри Хуҷанд
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик - Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.
Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.
|
16.10.2020 06:07 |
ФАЪОЛИЯТИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ КИ ҲХДТ
ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 15-уми октябри соли 2020 дар асоси нақша-чорабиниҳои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.
Дар кори Маҷлиси Раёсат Ҳамидиён Илҳомҷон – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Обидов Фозил Саидович – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3, аъзои Ситод ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
|
16.10.2020 05:04 |
Қадрдонии омӯзгорони донишгоҳ бо ифтихорномаи
КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ
Санаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки доир ба натиҷаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд, Расулзода Насимҷон-роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,
|
15.10.2020 11:53 |
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ЯТИМОНУ МАЪЮБОН
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Амир Иброҳимзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Убайдуллои Шамсулло бо донишҷӯёни маъюб ва ятимони кулл баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ.М. суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфт. Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода низ суханронӣ намуда,
|
|
|
|