12.10.2020 03:03 |
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф
ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12.10.2020 19:01, шаҳри Душанбе
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикоти ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи президентӣ қабул фармоед.
|
12.10.2020 02:59 |
Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон
12.10.2020 17:31, шаҳри Душанбе
Дирӯз 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.
Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.
|
12.10.2020 10:12 |
НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ!
Субҳи имрӯз тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР бо иштироки парламенти кишвар мустақиман пахш гардид. Зимни суханронӣ раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин баён намуд: хушҳолона 85,36%-и интихобкунандагон дар интихобот иштирок намудаанд.
Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба ҳисоб меравад. КМИР натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи овозҳои гирифтаи номзадҳо чунин муайян намуд:
|
11.10.2020 07:34 |
Баргузории интихоботи президентӣ дар ДДОТ
ба номи Садриддин Айнӣ
Шурӯъ аз соати 6:00-и субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии №12, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст, маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷа, мушоҳидони миллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони Ҳукумати кишвар ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ба участка ташриф оварда,
|
10.10.2020 07:09 |
Дилшод Раҷабов: “Участкаи мо пурра ба интихобот омода аст”!
Комиссияи участкаи интихоботии №12 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омода мебошад,-қайд намуд, раиси участкаи интихоботии №12-и ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ-2 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Дилшод Амиралиевич.
|
10.10.2020 06:53 |
Вохӯрӣ бо волонтёрон
Санаи 09.10.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С.Айнӣ вохӯрии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон бо волонтёрони ҳавзаи интихоботии И.Сомонӣ-2 баргузор гардид. Дар толор волонтёрон аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДТТ ба номи А.Сино, ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур тамоми меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфта, риштаи суханро ба муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон дод.
|
07.10.2020 13:01 |
Ҷамъбасти кори комиссияи аккредитатсионӣ дар
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Санаи 7-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки экспертони ватаниву хориҷӣ ва аҳли раёсати донишгоҳ ҷамъбасти кори комиссияи аккредитатсионӣ тариқи онлайн баргузор гардид. Сараввал намояндагони гурӯҳи мазкур аҳли ҷаласаро барои фаъолият намуданашон дар фазои пурхатари эпедимологии ҷаҳони муосир изҳори ташаккур намуда, арз доштанд, ки асолати омӯзгорӣ низ маҳз ҳамин бурдбориҳоро тақозо мекунад. Дар ҷаласа пиромуни натиҷаи санҷиши экспертони гурӯҳи аккредитатсионӣ сухан рафта, дар он ҷиҳати бозёфтҳои нави таълим, илм, иқтисод, техникаву коммуникатсияи навин, синфхонаҳои таълимиву лингафонӣ, лабораторияҳои таҳлиливу таълимии донишгоҳ ва як қатор пешниҳоду дархостҳои тарафайн судмандона андешаронӣ гардид.
|
07.10.2020 04:08 |
Идомаи кори комиссияи аккредитатсионӣ дар
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Санаи 6-уми октябри соли равон дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ гурӯҳи комиссияи аккредатсионӣ бо ҳамроҳии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ. сараввал аз хазинаи маънавии фонди тиллоии китобхонаи донишгоҳ, толори хониш, толори электронӣ, толори олимон ва аспирантони китобхона, лабораторияҳо ва музейҳои зоологии факултети биология, инчунин аз синфхонаву лабораторияҳои факултети химия дидан намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳошияи сафари экскурсионии донишгоҳ аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ ва техникаву мошинасозии факултети технология, дастоварду бозёфтҳои таърихии донишҷӯёни факултети таърих, лабораторияҳои факултети физика, синфхонаи муҷаҳҳази инклюзивии факултети психология ва таҳсилоти фарогир, маркази захиравии забони англисӣ, Парки технологии донишгоҳ боздид намуданд.
|
|