03.10.2020 09:26 |
КАМОЛ-ШОИРИ ШУҲРАТЁР
Имрӯз, дар факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфиле ба хотири гиромидошти 700-солагии Шайх Камол Хуҷандӣ зери унвони “Камол-шоири шуҳратёр” баргузор гардид. Дар ин маҳфил ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н., мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ, муҳаққиқи осори Камоли Хуҷандӣ, шоир Абдуҷаббори Суруш ва устодону донишҷӯёни факултаи филогияи тоҷик ширкат намуданд.
|
02.10.2020 11:36 |
ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ!
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад.
|
02.10.2020 10:52 |
МУАЛЛИМ ЧАШМИ ДИЛҲО БОЗ СОЗАД...
«Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона,
қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд» Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 2-юми октябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон “Рӯзи омӯзгор” таҷлил карда шуд. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. суханронӣ намуда, тамоми устодони донишгоҳро бо иди касбияшон муборакбод гуфта, барояшон дар ҷодаи фаъолияти илмиву таълимиашон комгориҳои беназирро таманно намуд.
|
01.10.2020 05:46 |
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНОГО КОНСУЛЬТАНТА
Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
|
30.09.2020 07:11 |
СОАТЕ БО МАВЛОНО...
(Гузориш аз маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ)
Ҳамасола 30-юми сентябр дар кишвар рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) таҷлил карда мешавад. Бинобар ин субҳи имрӯз дар толори шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Соате бо Мавлоно» баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
26.09.2020 04:31 |
Китоб шамъест, ки дилро мефурӯзад
Имрӯз дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассиаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид, ки дар он Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва дигар устодону донишҷӯён ва дӯстдорони сухани волои осори адибони бузурги адабиёти илмиву бадеӣ иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашрро директори Муассиаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар, ки хатмкардаи факултети химияи ҳамин донишгоҳ мебошад, раҳбарӣ мекард. Мавсуф бо ректори донишгоҳ аз синфхонаҳои таълимии факултети химия дидан намуда, ёдовар шуд, ки шеърҳои аввалини эҷоднамудаи ӯ маҳз дар ана ҳамин синфхонаҳо сурат гирифтааст.
|
25.09.2020 07:03 |
НАҚШИ ОИЛА ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ ФАРҲАНГУ МИЛЛАТ
Имрӯз дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 4-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки он бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми октябри соли 2010, №559-5 тасдиқ гардидааст, семинари машваратӣ-омӯзишӣ бо иштироки мутахассисон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Нақши оила дар раванди ташаккулёбии фарҳангу миллат” баргузор гардид.
|
25.09.2020 04:33 |
САТТОР ҚУВВАТОВ – ҚУВВАТИ ДИЛИ НОШУНАВОЁН
24 уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси факултети психология ва таҳсилоти фарогир дар ошёнаи сеюми бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Забони ишора ҳамчун раванди рушди тафаккури кӯдакони ношунаво ва нақши он дар илми забоншиносии муосир” бахшида ба рӯзи байналмилалии ношӯнавоён ва фаъолияти 30 солаи мутахассиси варзидаи соҳаи сурдопедагогика дар даврони Истиқлолият, раиси Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоён, омӯзгори калони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, Қувватов Саттор баргузор гардид.
|
|
|
|