• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
23.09.2020 07:36

 

 

ЭЪЛОН!

 

50.JPG - 241.43 KbШуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартнома қабули шунавандагонро ба курсҳои шашмоҳаи  тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои  зерин дар соли таҳсили 2020-2021 эълон менамояд:

1.   Кластери ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ;

2.   Кластери ихтисосҳои иқтисодӣ ва география;

3.   Кластери ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат;

 
22.09.2020 12:32

 

РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ Ӯ...

49.JPG - 201.34 KbБоиси ифтихор аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик одамуш-шу-арро, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат имрӯз бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷик чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ... таҷлил гардид. Дар чорабинӣ устодону меҳмонони олиқадр ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

 
22.09.2020 09:56

 

Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!

44.JPG - 213.21 KbИмрӯз яке аз шахсиятҳои шинохтаи илми таърихшиносии кишвар, доктори илмҳои таърих, профессор, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода мавлуд доранд.

Субҳи имрӯз ҳайати устодону кормандони донишгоҳ хосатан, муовинони ректор, муовини аввали ректор фолклоршинос, н.и.ф. дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович аз номи ҳамаи муовинони ректор устоди азизро таҳнияту муборакбод намуд.

 
21.09.2020 15:47

 

Тан агар солим набошад, зиндагӣ носолим аст

33.jpg - 116.15 KbБегоҳии имрӯз бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби 75 нафар устодону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, аксияи “Корвони саломатӣ” гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ дар аксияи мазкур ба раҳгузарон ба таври ройгон тақсим намудани ниқобҳо, маҳлӯлҳои безараргардонӣ,

 
21.09.2020 07:44

 

Гулназархонӣ дар оромгоҳи Лучоб

 

25.jpg - 234.56 KbСубҳи 20-уми сентябри соли 2020 гурӯҳе аз аҳли қалам ҳаводорони шеъру сухан ва устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияи Рӯдакӣ ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ муаллифи Суруди миллӣ устод Гуланазар Келдӣ озмуни “Гулназархонӣ”-ро доир намуданд.

 
21.09.2020 07:04

 

ФАЛАК ФАРЗОНАГОНРО КУШТАНАТ ЧИСТ?!

21.jpg - 97.76 KbФалак боз олиҳаву фарзонаеро аз миён бурд, ки то лаҳзаҳои вопасини хеш дар масири зиндагии мардумон нуру зиё мекошт. Инсони комил ҳамонест, ки дар тавону вуҷуди хештан ҳар нексириштиеро, ки аз “устоди азал” омӯхтааст, ба дигарон низ талқин менамояд ва ҳарчанде дар ҷодаи омӯзиш дақиқу амиқ меравад, комилтар мешавад, худро аз хоксорӣ нокомил мепиндорад. Нафаре, ки дорои ҳамаи ин хислатҳои хуби инсонӣ буд, марди покзоду покдил, поктиннату покмаром, ҳалиму меҳрубон, хоксору фурӯтан ва инсондӯсту инсонпарвар устоди зиндаёд Лутфулло Солиев буд, ки саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат аз он ҷумла илми кимиёи тоҷик хеле назаррас буд. Яке аз ахтарони кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991),

 
19.09.2020 11:55

 

Боз як хуршед нур афкандааст...

 

20.jpg - 103.73 KbИмрӯз Ҳалимова Зарина Раҳимҷоновна омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисӣ  рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асосҳои лингводидактикии ташаккули муоширати касбӣ бо забони хориҷӣ дар донишҷӯён – омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ” бо мувафақият ҳимоя намуд. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаллимаи азизро бо ин рӯзи хотирмон таҳният гуфта, дар кору эҷодиёташон комёбиҳои назаррасро  таманно менамояд.

 
18.09.2020 11:38

 

 

Туро ин шаст бо ин шаст муборак

17.jpg - 75.71 Kb

 

Имрӯз шоир, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии вилоятии вилояти Суғд ба номи Қутби Киром, Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ  устод Равшани Ҳамроҳ ба синни мубораки шастсолагӣ расиданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ