07.09.2020 10:51 |
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 08:12, шаҳри Турсунзода
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
|
05.09.2020 09:02 |
Унвони “Хизмати шоиста” ба бонуи шоиста...
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мадатзода Манзураи Тоҷиддинро барои сарфароз гаардиданашон бо медали “Хизмати шоиста” бо арзи сипос табрику таҳният гуфта, барояшон беҳтарин дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва бурдбориҳои зиёдеро таманно менамояд.
|
04.09.2020 06:56 |
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
04.09.2020 11:44, шаҳри Душанбе
4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ менамоем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.
|
03.09.2020 11:18 |
Суханронӣ ба ифтихори 25 – солагии таъсисёбии Гвардияи Миллӣ
03.09.2020 10:32, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони хизмати ҳарбӣ!
Имрӯз ба яке аз санаҳои муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон - таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.
Ба ифтихори ин ҷашн ҳамаи шумо - генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Гвардияи миллӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва дар иҷрои масъулияти муқаддасу пуршарафи касбӣ, яъне дастовардҳои истиқлол, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат барору комёбӣ орзу менамоям.
|
03.09.2020 11:09 |
Иштирок дар Гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии
таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.09.2020 10:30, шаҳри Душанбе
3 сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.
|
02.09.2020 07:09 |
Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон, ёдам кунед!
Имрӯз дар дар донишгоҳ бо иштироки устодони факултети химия маҳфили ёдбудии омӯзгори ҷавону кордон, марҳум Худоёрбекова Зебуниссо Партовиевна баргузор гардид.
Сараввал, сухани ифтитоҳиро бо ибрози таассуфу андӯҳ профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ Лутфулло Солиев оғоз намуда доир ба ҳаёти ин бонуи ҷавонмарги нексиришт чанд андешаи худро ҳамчун устоди ӯ, ҳамчун ҳамкасбу ҳамфикр баён намудаву изҳори он дошт, ки “Мо Зебуннисоро тарбият намудем, то тарбиятгар бошад,
|
01.09.2020 12:20 |
Ифтитоҳи Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”
дар шаҳри Душанбе
01.09.2020 11:47, шаҳри Душанбе
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи нави ташхисию табобатӣ дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шуд.
|
01.09.2020 12:16 |
Ба истифода додани сардхона дар шаҳри Душанбе
01.09.2020 10:00, шаҳри Душанбе
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон”-ро мавриди баҳрбардорӣ қарор дода, аз намоиши кишоварзӣ дидан намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирӯза Масиева бунёд гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад.
|
|