17.08.2020 02:32 |
ТАБРИКОТИ
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
доктори илмҳои таърих, профессор ҒАФФОРӢ НӮЪМОНҶОН УСМОНЗОДА
ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ !
Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азиз!
Ҳайати профессорону кормандони донишгоҳ!
Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар саросари мамлакат фарзандони мо Рӯзи донишро бо шодиву нишот ва зери осмони софу беғубори Ватан ҷашн мегиранд.
|
13.08.2020 04:36 |
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ
13.08.2020 18:21, шаҳри Душанбе
Имрӯз шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
|
04.08.2020 07:12 |
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият
бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю
ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»
04.08.2020 19:51, шаҳри Душанбе
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.
|
04.08.2020 05:20 |
Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии
шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ
04.08.2020 14:50, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.
Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
30.07.2020 14:39 |
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.07.2020 19:28, шаҳри Душанбе
30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст.
|
30.07.2020 14:01 |
Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
30.07.2020 18:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад.
Яъне аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои созандаи маросиму анъанаҳои динӣ, махсусан, тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару аёдати беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатҳои некро густариш дода, маросиму ойинҳои эътиқодии худро дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадони кишвар таҷлил намоянд.
Воқеан, дини мубини ислом саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати нек, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат буда, дар ташаккул ва такомули ахлоқиву маънавии инсон нақши арзишманд дорад.
|
28.07.2020 04:47 |
Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар
28.07.2020 18:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Тавре ба ҳамаи шумо маълум аст, мо муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудем.
Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, нерӯгоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.
Дар натиҷа маҳдудияти таъмини нерӯи барқ аз 14 январи соли 2017 дар кишвар пурра бардошта шуд.
|
15.07.2020 13:01 |
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО ХУБ АРЗЁБӢ НАМУД
Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ 15-уми июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳи соли 2020 бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарии кишвар - Заробиддин Ширинов, Назаров Сайидо, Сафияи Шоҳин аз агентии иттилоотии “Ховар”, Бузургмеҳр Ҷалилов аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ибодуллоҳи Тоҳир аз рӯзномаи «Минбари халқ», Ворис Назарзода аз рӯзномаи «Садои мардум», Абдурауф Муродӣ аз рӯзномаи «Омӯзгор», Туйчизода Мутриба аз маҷаллаи «Тоҷикистон», Рустам Одинаев аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Тоҷиддин Латипов аз рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа», Усмон Раҳимзода аз рӯзномаи «Тоҷикистон», Лутфия Эшонқулова аз рӯзномаи «Народная газета», Насриддинова Гулнора аз радиои «Садои Душанбе», Шоиста Аёзова, Баҳруллои Маҳмадовуд аз «Радиои Тоҷикистон» ширкат намуданд.
|
|