18.04.2020 08:18 |
Саҳмгузорӣ дар як рӯзи покиву
назофат ва ободонӣ дар донишгоҳ
Имрӯз, шанбе, санаи 18.04.2020 дар саҳни бинои асосиву дигар биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва роҳравҳои атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчун анъанаи дерин бо кӯшиш ва ибтикори ректори донишгоҳ-Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо мақсади “Саҳмгузорӣ дар як рӯзи покиву назофат ва ободонӣ” дар маконҳои зикргардида, шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.
|
17.04.2020 10:53 |
Имрӯз «Фурӯғи субҳи доноӣ» бош,
Гар қатра туӣ, фидои дарёӣ бош.
Дар арсаи илму фан маҷоле, ки турост,
Поён манигар, рафиқи болоӣ бош.
Бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
05.02.2020, таҳти рақами №АП-1339 баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расида буд.
|
15.04.2020 08:32 |
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Имрӯз ба ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва шахсияти барҷаста, чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, дар пояи нимпайкараи ин абармарди оламшинос гулчамбар гузошт. Дар аснои маросими гулчамбаргузорӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ аз қабили Ҷамила Мӯсоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, Сахидод Раҳматуллозода – декани факултети филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Шамсиддин Солеҳов – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ ва дигарон ҳамроҳӣ доштанд.
|
14.04.2020 11:54 |
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД
Ба ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва фарзонафарзанди миллат, шахсияти барҷаста ва чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз, санаи 15-уми апрели соли 2020, аз боғи фарҳангию фароғатии устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, дар назди марқади устод гулчамбар гузоштанд.
|
13.04.2020 07:56 |
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ
Республика Таджикистан
Проект «Развития высшего образования»
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
Контракт: Закупка программного обеспечения СУО (Система управления обучением)
Номер контракта: ТГПУ/SH/05
Дата объявления: 13 апреля 2020 г.
|
09.04.2020 09:39 |
Баҳоро, навбаҳорӣ кун, зимистон рафт, медонӣ?!
Дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ду рӯз қабл алвонҷи гулшукуфиву сабзбаҳориҳо ривоҷи тоза доштанд, вале ба ҳукми тақдир пас аз бориши борони пуршиддати баҳорӣ таназзули барф ғайричашмдошт ба назар расид, ки ин ҳолат, вобаста ба маҳалҳо тақрибан ба соати 21:00 санаи 08.04.2020 рост меомад.
|
09.04.2020 09:21 |
ЁДЕ АЗ ДӮСТ
Раҳимӣ Хизру Мӯсои замон буд,
Раҳимӣ дар ҷаҳон худ як ҷаҳон буд.
Зи одам зода буду буд одам,
Раҳимӣ одамиро ҷони ҷон буд.
Даме олим, даме шоир, даме дӯст,
Раҳимӣ лоиқи сад ину он буд.
Раҳимӣ дар миёни ҷумла ёрон,
Азизу меҳрубону нуктадон буд.
Ҳазор афсӯс аз марги чунин дӯст,
Ки ӯ пур орзу буду ҷавон буд.
|
06.04.2020 07:53 |
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ
Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
Контракт: Услуга местных консультантов (рабочая группа
второго компонента)
Номер Контракта: ТГПУ/IC/02
Дата: 06 апреля 2020 г.
|
|