Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
07.03.2020 11:39, шаҳри Душанбе
Модарону хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ!
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.
Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.
Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.
Имрӯз, ки мо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш – Рӯзи модар ҷамъ омадаем, модарону бонувони арҷманд ва занону духтарони азизу меҳрубони кишвар, инчунин, шумо - ҳозирини гиромиро самимона ва сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо ва ба ҳамаи шумо, ки дар ин толор ҳузур доред, саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Ҷашни фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад.
|