17.02.2021 18:38 |
ҶАВОНОН ҶОНИБДОРИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД!
Санаи 17-уми феврали соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ оид ба татбиқи иҷрои Нақша- чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён, баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас, ки ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, андешаронӣ шуд.
|
17.02.2021 18:33 |
САД МАЛАК АЗ ТУ САБАҚ ОМӮЗАДУ САД ҲӮР ДАРС...
Рӯзи 17 – уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди таҳсилоти томактабӣ дар 30-соли Истиқлолият” бахшида ба 70-солагии олими соҳаи психологияи бачагона Нарзуллоева Майрамхон бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки конференсия аз се бахш:
1.Ташаккули шавқу ҳаваси маърифатӣ ва амали дарккунии кӯдак дар шаклҳои гуногуни фаъолият;
2.Таҳкими арзишҳои ҳаёти солим дар синни томактабӣ;
|
16.02.2021 11:47 |
СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ОИД БА БЕҲТАР
НАМУДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ НИЗОМИ КРЕДИТӢ

16-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои мудирони кафедраҳои донишгоҳӣ, ҳамзамон мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ н.и.п., дотсент Зариф Наимов дар мавзӯи “Талаботҳои нави педагогӣ дар низоми таҳсилоти кредитӣ оид ба омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ” бо иштироки мудирони кафедраҳо семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.
|
16.02.2021 11:41 |
ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДОИР БА МАСОИЛИ
ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР
Санаи 16-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети забони русии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Лингводидактикаи муосир: мушкилот ва ҳалли он” ба муносибати ҷашни 90-солагии донишгоҳ ва амали гардонидани “Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ, англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки меҳмонон, устодону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов А., конфронсро ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳадафи ин ҳамоиши илмӣ пиромуни мушкилот ва роҳҳои ҳалли масоили илми забоншиносии рус сухан ронд.
|
15.02.2021 11:11 |
ҲАМА ГӮЯНД, ВАЛЕ ГУФТАИ САЪДӢ ДИГАР АСТ!
Имрӯз, санаи 15-уми феврали соли 2021, бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Саъдихонӣ” таҳти унвони “Бани одам аъзои якдигаранд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи шӯҳрати ҷаҳонии Саъдӣ ва эҷоди ҷаҳонсайри ӯ суханронӣ намуд. Сипас, д.и.ф., профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик Элбоев Вафо дар мавзӯи “Суннати девонбандии Саъдии Шерозӣ” маърӯза намуд.
|
15.02.2021 10:36 |
ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 12 феврали соли 2021 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамзамон дар қисмати ҷамъбастии он ғолибони озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин миёни ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бахшида ба ”Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида буд, муайян гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин озмун мақолаи сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Каримов сазовори ҷойи дуюм гардид.
|
15.02.2021 06:09 |
ТАҲҚИҚИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ЗАБОНҲОИ БУМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО
Таҳти ҳамин унвон, рӯзи 13-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забошиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳо маҳфили “Забоншиноси ҷавон” бо иштироки меҳмони олиқадр, доктори илмҳои забоншиносии Донишгоҳи Упсалаи Шветсия Ярослава Обртелова ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири кафедраи мазкур н.и.ф., дотсент Мирбобоев Азиз суханронӣ намуда, доктор Ярослава Обртеловаро ба ҳозирин муаррифӣ кард, ки ӯ яке аз муҳаққиқони хуби забонҳои бумии Тоҷикистон дар Аврупо мебошад. Дар идомаи маҳфил Ярослава Обртелова доир ба марказҳои забоншиносии Аврупо, ки ба омӯзиши забонҳои бумии Тоҷикистон машғуланд андешаронӣ намуд.
|
13.02.2021 05:18 |
ИДОМАИ ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Субҳи 13-уми феврали соли равон тибқи нақша-чорабинӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён шанбегии навбатӣ баргузор гардид, ки он ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани саҳну роҳравҳо, гузаргоҳҳои гирду атрофи донишгоҳ, инчунин бо мақсади саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии фазои тозабаҳори пойтахти азизамон шаҳри Душанбе алоқамандӣ дорад.
|
|
|
|