17.12.2019 09:29 |
Семинар – викторинаи машваратӣ- ҳуқуқӣ таҳти унвони
«Зан-оинаи рӯзгор»
Тибқи Нақшаи кории бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ санаи 16 декабри соли 2019 дар хобгоҳи №3- и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо қисми тарбия, иттифоқи касаба, созмони ҷавонон ва шӯрои кураторони донишгоҳ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои расидан ба зиндагии шоиста, баҳри соҳибкору соҳибкасб шудани бонувони тоҷик ва бо мақсади омода намудани донишҷӯдухтарон ба ҳаёти мустақилона,
|
16.12.2019 08:22 |
Конференсияи V-уми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир:
мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он»
Рӯзҳои 14-15 декабри соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» Конференсияи V-уми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли он» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадади Тоҷикистон, ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар конференсия меҳмонон, аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Украина ширкат варзиданд.
|
14.12.2019 09:25 |
Суруди Миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ
Санаи 13-уми декабри соли 2019 дар факултети биология бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курси якуми ихтиссоси биология дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Суруди Миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ» бо ташаббуси куратори гуруҳи курси мазкур Сино Хоҷазода гузаронида шуд. Дар ин дарси тарбиявӣ донишҷуён оиди таърихи пайдоиши Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо карданд.
|
13.12.2019 10:37 |
Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии
факултети забон ва адабиёти рус
Дар санаи 12-уми декабри соли 2019 дар толори асоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии факултети забон ва адабиёти рус ва ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ хатмкунандагони солҳои гузаштаи факултет ва меҳмонон иштирок намуданд, аз он ҷумла: Спектор Александра Леонидовна, Муллоев Шариф Бакиевич, Нозимов Абдулахад Абдуалимович ва ғайраҳо.
|
07.12.2019 11:08 |
“16-рӯз алайҳи зӯроварӣ”
(мизи мудаввар)
Дар санаи 7-уми декабри соли 2019 мизи мудаввар бахшида ба “16-рӯз алайҳи зӯроварӣ” дар факултети психология ва таҳсилоти фарогир, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ гузаронида шуд.
Дар он декани факултет Обидова М.И., мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ Кенҷаева З.Х., ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ Маҳмудов Ш., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Сафаров У., омӯзгорони кафедраҳои факултет ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар омода намудани чорабинии мазкур саҳми омӯзгорон Муродзода С. ва Фархуддинова Ҷ. зиёд мебошад.
|
07.12.2019 09:10 |
Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ
«Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими
фанҳои тахассусии синфҳоиибтидоӣ»
Санаи 07 декабри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими фанҳои тахассусии синфҳои ибтидоӣ» бо ташабуси мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ дотсент Бегимов Ҳ.Х. баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., проффесор Мирзораҳимов А.К. ва доираи васеи устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
|
04.12.2019 07:54 |
Вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён
Санаи 04-уми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, муовини аввали директори эндокринологияи шаҳри Душанбе - Хушнудҷони Мирзомурод, сармутахассиси раёсати тандурустии шаҳри Душанбе - Қузибоев Қосимҷон, сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба асабшиносӣ - Ҷумаев Мирдодо Шарофович, Сардори шуъбаи тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар - Раҳимов Илҳом, табибони дармонгоҳи донишгоҳ ва зиёда аз 400 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
|
04.12.2019 10:14 |
Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон
“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”
Эмомалӣ Раҳмон
Аз соли 1992 инҷониб бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид санаи 3 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ғамхорӣ ба маъюбон пазируфта шудааст. Дар ин рӯз, дидорбинии маъюбон ва амалӣ намудани иқдомҳои хайрхоҳонаю кӯмакҳо нисбати онҳо гузаронида мешавад.
|
|
|
|