• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
03.10.2019 11:55

 

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

IMG_8969.JPG - 82.41 KbСаҳифаҳои заррини таърих бо тарбияи дурахшони устодон то имрӯз давом ёфта, бар худ нақши абадӣ ифо намудаанд. Ва бо донишу малакаи худ пайкори муқаддаси хеш ҳамосаҳои шукӯҳманд ва ҷовидро дар созандагии инсон мутааҳҳид ба вуҷуд оварданд ва кохи баланди пояи илм ва фазилатро бино ниҳодаанд. Иғроқ нагуфтаем агар бигӯем, ки маҳз ба шарофатии муаллимон парчами тавҳиду ягонагӣ барафрошта гардидааст.

 
03.10.2019 07:05

 

Ҷомеаи солим пешрафти кишвар

(мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ

миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат»)

3.jpg - 123.64 KbРузи 02 октябри  соли 2019 бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштарак бо вазорату идораҳои дахлдор мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат» доир гардид.

 
01.10.2019 11:27

 

Мушкилоти забони ишора ва роҳҳои омӯзиши он

дар оила барои   кӯдакони   мушкилоти шунавоӣ дошта

12.JPG - 90.92 KbДар  санаи 1 октябри  соли  2019 дар  Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ  мизи мудаввар таҳти  унвони “Мушкилоти забони ишора ва роҳҳои омӯзиши он  дар оила барои   кӯдакони   мушкилоти шунавоӣ дошта” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ношунавоён баргузор гардид.  Дар  ин  мизи мудаввар мутахассисони соҳа,  волидайни дорои  кӯдакони мушкилоти шунавоӣ дошта, омӯзгорони мактаб-интернатҳои махсус барои ношунавоён, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишогоҳу коллеҷҳое, ки ношунавоён таҳсил мекунанд ва ташкилотҳои  маъюбон ширкат доштанд.

 
01.10.2019 05:05

 

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ДДОТ

IMG_8556.JPG - 64.71 KbИмрӯз 30.09.2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  бахшида ба солрӯзи Мавлонои Рум чорабинии илмиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодони донишгоҳ суханронӣ намуда, донишҷӯён аз ашъори безаволи Мавлоно шеърҳо қироат намуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ