07.04.2025 03:50 |
ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ХОБГОҲИ №9-И ДОНИШГОҲ

Ба хотири болидарӯҳии истиқоматкунандагон-омӯзгорони хобгоҳи №9-и Донишгоҳ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор карда шуд. Ин чорабинии бошукӯҳ бо ташаббусу дастгирӣ ва иштироки раёсати Донишгоҳ дар фазои тантанавӣ доир гардид. Ба иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш шуда, суннатҳои неки наврӯзӣ муаррифӣ гардиданд. Чорабинӣ на танҳо фазои ҷашниро фароҳам овард, балки барои баланд бардоштани рӯҳияи иштирокчиён ва ҳавасмандии онҳо ба ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузошт.

|
04.04.2025 10:17 |
БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД” ДАР ДОНИШГОҲ

Рӯзи 04.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар ин рӯз аз ҷониби факултетҳои Донишгоҳ дастовардҳо, ихтироот, китобҳои тозанашри устодону донишҷӯён ба намоиш бароварда шуда, беш аз 2500 нафар хонандагони 50 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳои 4 ноҳияи шаҳри Душанбе аз онҳо дидан карданд. Инчунин хонандагон аз озмоишгоҳҳои факултетҳои химия, биология, физика, технология, синфхонаҳои факултетҳои забон ва адабиёти рус, осорхонаи Донишгоҳ боздид намуда, аз наздик бо шарту шароити таҳсил, зист, имкониятҳои таълим дар факултетҳо ва марказу шуъбаҳои ин муассиса шинос гаштанд. Гузашта аз ин, барои интихоби касби ояндаи хеш хонандагон бо омӯзгорон ва масъулин суҳбатҳои зарурӣ намуданд.

|
02.04.2025 11:47 |
ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ДАРҲОИ ДОНИШГОҲ БА РӮИ ДОВТАЛАБОН БОЗ АСТ!
Рӯзи 04.04.2025, соати 9:00 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад. Дар ин замина ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ дастовардҳо, ихтироот, китобҳои тозанашри устодон ва донишҷӯёни хешро ба намоиш мегузоранд.
Вобаста ба ин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд дар ин рӯз ба Донишгоҳ ташриф оварда, аз наздик бо шарту шароити таҳсил, зист, имкониятҳои таълим дар факултетҳо ва марказу шуъбаҳои ин муассиса шинос гашта, барои интихоби касби ояндаи хеш бо масъулин суҳбатҳои зарурӣ намоянд.
МАРҲАБО БА НАХУСТМАКТАБИ ОЛИИ КИШВАР!
|
02.04.2025 11:42 |
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
01.04.2025 05:42 |
БИЁ, НАВРӮЗИ ГУЛБЕЗИ БАҲОРӢ
Тоҷикистон аз файзу таровати баҳори гулбадомон ва гулбасар ва накҳати дилпазири Наврӯзи оламафрӯз қабои идона ба бар намудааст. Аз таровату шаҳомати баҳору Наврӯз кабӯтарон чун намоди сулҳу озодӣ дар осмони нилгун ва софу беғубори Тоҷикистони соҳибистиқлол ба парвоз меоянд, гулҳои баҳорӣ ба табиати нозанин бӯйи муаттарро ҳадя меоранд, барфҳо худро чу пояндози фасли баҳор об мекунанд, гулу раёҳин аз ин таровату зебоиҳои арӯси сол шодона мерақсанд, орзуҳо дар кӯзаи дилҳои пиру ҷавон мешукуфанд, баҳор бо қолини махмалин Наврӯзи дилафрӯзро ба армуғон меорад, зеро:
Баҳори рафтаи ман боз омад, Садои андалебонро шунида, Дилам аз шодӣ дар парвоз омад. Нигори шӯхи хушовоз омад.Оре, баҳор рамзи зебоӣ ва Наврӯз нишони сарсабзӣ ва растахези табиат аст. Воқеан, дар таърихи фарҳанги мардуми ориёӣ ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Ин иди аҷдодӣ насли имрӯзро бо расму оин, арзишҳои ахлоқӣ, меҳру муҳаббат ва анъанаҳои неки ниёгон мепайвандад.
|
01.04.2025 05:40 |
ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ ДАР ОҒОЗИ СОЛИ 2025: ТАСДИҚИ УНВОН ВА ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ
Боиси ифтихор аст, ки бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025 унвони илмии Талбакзода Фарҳод – декани факултети физика (унвони илмии «дотсентӣ») ва рисолаи илмии устоди Донишгоҳ Шарипов Қаҳрамон ба дараҷаи илмии номзади илм сазовор дониста шуданд. Ин хабари хуш боиси хушҳолии аҳли кормандону омӯгорони ин даргоҳи илму маърифат мебошад.
|
01.04.2025 05:34 |
БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Дар доираи конфронси байналмилалӣ, ки дар мавзуи “Омилҳо ва ҷанбаҳои психологии тундгароӣ дар ҷавонон” баргузор гардид, меҳмонон ва иштирокчиёни он аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуда, бо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, табиати зебои ин диёр, таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва дирӯзу имрӯзи фаъолияти ин даргоҳ шинос гардиданд.
|
01.04.2025 05:28 |
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: “ОМИЛҲО ВА ҶАНБАҲОИ ПСИХОЛОГИИ ТУНДГАРОӢ ДАР ҶАВОНОН”
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Омилҳо ва ҷанбаҳои психологии тундгароӣ дар ҷавонон” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронс муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин, мудири кафедраи “Педагогика ва психология”-и Донишкадаи бизнес ва педагогикаи Денови Ҷумҳурии Узбекистон, дотсент, доктор Phd Бобоқулова Дилфуза
|
|