• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз869
mod_vvisit_counterДирӯз877
mod_vvisit_counterДар ҳафта4661
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5600
mod_vvisit_counterМоҳ19516
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта22335
mod_vvisit_counterҲамагӣ736347

Online 13
IP шумо: 216.73.216.15
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-07-25 13:47
01.04.2025 05:19

 

ДАР МАВЗУИ “ТАЪМИНОТИ МОДӢ-ТЕХНИКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ” КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Таъминоти модӣ-техникии раванди таълими технология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин суханронӣ
 
01.04.2025 03:44

 

ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

 

Ба таваҷҷуҳи ҳаводорони омӯзиши забонҳои хориҷӣ расонида мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хитоӣ ва кореягӣ роҳандозӣ гардидааст.
Курсҳои мазкур дар назди марказҳои хитоӣ ва кореягӣ, ки дар Донишгоҳ фаъолият мекунанд, ба роҳ монда шуда, дарсҳо аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассиса ва хориҷии соҳибзабон баргузор карда мешаванд.
Мақсад аз роҳандозии курсҳои мазкур – ин пеш аз ҳама фароҳам овардани шароит баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон маҳсуб меёбад.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар бо рақамҳои +992873444417 (забони хитоӣ) ва +992911304446 (забони кореягӣ) дар тамос шаванд.

 

 

 
27.03.2025 04:23

ДОНИШГОҲ ДАР РЕЙТИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ 422 МУАССИСАИ ОЛӢ ҶОЙИ 8-УМРО ИШҒОЛ НАМУД

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар фазои ҷаҳонишавии таҳсилот пайваста бо шарикони хориҷӣ дар робита буда, барои рушди маорифи кишвар ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалиро муҳим меҳисобад.
Дар ин замина Муассисаи “Радабандии муассисаҳои олӣ” (HE Higher Education Ranking)-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC”, ки қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Туркия мебошад, пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои мухталифи фаъолияти 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон “Радабандии муассисаҳои олӣ”-и ҷаҳонро дар соли 2025 интишор намуд. Аз ҷумла, дар ин радабандӣ аз Тоҷикистон 3 муассисаи олии кишвар: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар зинаи 184 ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар зинаи 329 ҷой гирифтанд.

 
27.03.2025 04:16

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 26 марти соли 2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 
26.03.2025 05:58

ДИҚҚАТ❗️ДИҚҚАТ❗️

ТАЪТИЛИ НАВРӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН БА АНҶОМ РАСИД

Таътили наврӯзӣ (баҳорӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 21 то 25 март мебошад (манбаъ: сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Яъне, рӯзи 26-март барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дарс мебошад.
Аз ин рӯ, ба диққати ҳамаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мерасонем, ки дар дарсҳо иштирок намоянд.
Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар раванди таълим ин саҳмгузорӣ барои ояндаи дурахшони онҳо мебошад.
 
26.03.2025 05:49

 

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "НАВРӮЗ - МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ"
Рӯзи 22 март дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз - мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зиёда аз 300 нафар аз ҷумла аҳли раёсат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи фестивал аз ҷониби намояндагони Донишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оину анъанаҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ доир шуд.
Инчунин аз ҷониби ҳунармандони ансамбли "Чеҳранамо"-и Донишгоҳ суруду таронаи фараҳбахш садо дода шуд, ки боиси болидахотирии меҳмонону иштирокчиён гардид.
Бояд зикр намуд, ки фестивали мазкур соли ҳафтум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

 
26.03.2025 05:43

ТАНТАНАҲОИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Шоми рӯзи 21-уми марти соли 2025, соати 20:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе зиёда аз 400 нафар намояндагон аз ҷумла кормандони раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар қатори дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

 
26.03.2025 05:39
ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “НАВРӮГОҲ”-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ