25.06.2019 09:12 |
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МУҲАРРИКИ ҲАЁТИ ХУШБАХТОНА
Имрӯз 25-уми июни соли 2019 барномаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат омили пешрафти ҷомеа» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳи мазкур, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бахшида ба ин рӯзи муҳими кишвар ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки «ҳама ҷавонони саодтмандро мебояд,
|
24.06.2019 12:00 |
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ДАСТОВАРДИ ҚИСМАТСОЗИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
(Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ)
Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ҷанги хонумонсӯзу роҳи мубҳам бо ҳузури ҳумоюни сулҳу саодат ва раҳнамои ваҳдати миллат дар кӯтоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон истгоҳи ҳақиқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шуд, ки аз он қатораи ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳои дур равона гардида, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд. Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар,
|
22.06.2019 11:57 |
НАМОИШГОҲИ КИТОБИ НАШРИЁТИ «АДИБ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд моҳ қабл озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон гардид, бо шукӯҳи хосса давом дорад. То имрӯз дар баробари озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон корвони китоб ба навоҳии дурдасти кишвар низ ба роҳ мондашудааст. Дар ин миён нашриёти бонуфузи «Адиб» иқдоми наҷиберо таҳти унвони «Намоишгоҳи китоб» тӯли як моҳ дар боғи фаҳрангиву фароғатии «Боғи устод Рӯдакӣ»
|
20.06.2019 11:43 |
ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ - ҲАМОҲАНГСОЗИ ЛОИҲАҲОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ
18-19-уми июни соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи дархостҳои грантии пурра дар доираи давраи дуюми барномаи грантҳои озмунӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовини вазир Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои рушди таҳсилоти муассисаҳои олии Вазорати маориф ва илм Афғонов Самариддин ва намояндагони муассисаҳои
|
ЗИНАТУ ҲУСНИ ҶАВОНИСТ ЧАКАН
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади баланд бардоштани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар ҷаҳонбинии ҷавонони кишвар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ пайваста чорабиниву озмунҳо мегузаронад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, чакан ба мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст.
|
08.06.2019 10:00 |
ШОҲМОТ – ВАРЗИШИ ЗЕҲН
(Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»)
Шоҳмот яке аз кашфиётҳои куҳантарин ва аҷибтарин бозии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки имрӯз ҳамчун варзиши сабук дар тамоми ҷаҳон матраҳ аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми бозии Шоҳмот варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан инкишоф меёбад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст. Аз ин рӯ дар Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ дар бораи шоҳмот мисраҳои зиёде ҷой доранд, ки аз ҷумла омада:
|
ФИЗИКА БАХШЕ АЗ ШЕВАИ ТАФАККУР
(Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мушкилоти муосири рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Санаи 30-уми майи соли 2019 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Мушкилотҳои муосири таҳқиқотии илмҳои табии-риёзӣ” бо роҳбарии мудири кафедраи физикаи эксперементалии факултети физика Хушнуд Муҳаббатов
|
29.05.2019 12:21 |
ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ
Дар ҷомеаи муосир ва дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, хеле эҳтиёт мебояд. Зеро кишварҳои абарқудрат ба ҳама роҳу воситаҳо ғаразҳои худро пиёда кардан мехоҳанд. Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи мо, ки бо ташаббуси Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон кишвари сулҳу ором ва намуна барои кишварҳои ҳамсоя мебошад, ки ба тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ расидааст.
|
|
|
|