Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ
Садорати факултети филологияи тоҷик бахшида ба солгарди шоири шаҳир Мирзо Турсунзода санаи 02.05.2019 дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ»-ро доир намуд. Дар ин чорабини ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. иштирок намуда, перомуни рӯзгор ва осори шоир сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Қурбонов Маҷид баромад намуда,
|
02.05.2019 12:03 |
Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад.
|
02.05.2019 11:53 |
То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Ҳар муҳаққиқе, ки доир ба таърихи пайдоиши он тадқиқоти илмӣ бурдааст, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи ҳахоманишиҳо мансуб медонад.
|
84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд
30.04.2019 23:55, шаҳри Душанбе
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.
http://www.president.tj/node/20044 |
Мулоқоти судманди муовини раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ
30-юми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҷиҳати коҳиш додани омилҳои номатлуб, аз қабили зуроварию хушунат, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ,
|
01.05.2019 06:18 |
Продажная свобода
"Во все времена радио "Свобода" было частью системы лжи и обмана, которая была направлена на введение в заблуждение … каждого, кто готов его слушать". Сенатор Фулбрайт, 17 января 1972 г.
|
Чорабинии фарҳангӣ-фароғатии факултети филологияи тоҷик
Садорати факултети филологияи тоҷик дар пайвастагӣ бо қисми тарбия сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти мадад дароз намудан ба қишри ниёзманди ҷомеаро ҷонибдорӣ намуда, санаи 29.04.2019 дар муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе
|
Оғози курсҳои омӯзишӣ
Рӯзи 26-уми апрели соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Аҳтам ҷамомади расмии навбатӣ доир ба курсҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ, Саидова Гулхумор, сармутахассиси бахши кор бо духтарону занон Худоёрбекова Сунаро ва донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд.
|
|
|
|