17.08.2020 10:45 |
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 2400 нафар хонанда
дар ду баст дар ноҳияи Шоҳмансур ва иштирок дар “Дарси сулҳ”
17.08.2020 09:09, шаҳри Душанбе
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъди бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон сӯҳбати самимӣ доир карданд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуд.
|
17.08.2020 10:12 |
Ифтитоҳи бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ
барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
17.08.2020 09:08, шаҳри Душанбе
17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.
Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
|
17.08.2020 09:15 |
Оғози соли таҳсил дар донишгоҳ
Мувофиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 17-08-2020 Рӯзи дониш ва дарси сулҳ оғоз гардид.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ дар рӯзи аввали соли таҳсилӣ тамоми имкониятро барои донишҷӯён ва омӯзгорон омода намудааст. Аз даромадгоҳи асосии донишгоҳ сар карда тамоми даромадгоҳҳо бо навбатдорҳои доимӣ ва маводҳои антисептикӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
|
17.08.2020 06:31 |
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш
17.08.2020 10:07, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону донишҷӯён, падару модарон, аҳли илму маориф, кулли мардуми шарифи кишвар, инчунин, ба кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд ва ба шумо, ҳозирини гиромӣ, табрик мегӯям.
Соли таҳсили имсола бо сабаби пандемияи коронавирус пештар оғоз гардид.
|
17.08.2020 02:32 |

ТАБРИКОТИ
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
доктори илмҳои таърих, профессор ҒАФФОРӢ НӮЪМОНҶОН УСМОНЗОДА
ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ !
Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азиз!
Ҳайати профессорону кормандони донишгоҳ!
Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар саросари мамлакат фарзандони мо Рӯзи донишро бо шодиву нишот ва зери осмони софу беғубори Ватан ҷашн мегиранд.
|
13.08.2020 04:36 |
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ
13.08.2020 18:21, шаҳри Душанбе
Имрӯз шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
|
04.08.2020 07:12 |
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият
бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю
ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»
04.08.2020 19:51, шаҳри Душанбе
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.
|
04.08.2020 05:20 |
Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии
шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ
04.08.2020 14:50, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.
Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
|