Хабари сомонаи «payom.net», аз 5.03 2019, бо сарлавҳаи «Дар НБО Роғун садама рух додааст?» пурра дурӯғ ва иғвоангез буда, як кушиши соддалавҳона бобати паст задани обруи кишвари мо ва бунёдкориҳои азим дар он ба шумор меравад.
Муаллиф чунон ноогоҳ ва аз ҳақиқати воқеӣ дур аст, ки дар назари ӯ менамояд, гӯё як нерӯгоҳи алоҳида як минтақаи алоҳидаро бо барқ таъмин мекарда бошад. Масалан, ӯ менависад: «Тибқи маълумоти дарёфтӣ масъулин ваъда доданд, ки имрӯз 5 март то соати 16-00 вақти маҳаллӣ мушкили ба миён омада бартараф хоҳад шуд. Аммо ин, ки то он замон чарха аз нав ба кор медарояд ё водии Қаротегинро аз нав ба НБО Норак пайваст мекунанд, маълумоте ба даст нест». Аз ин навишта бар меояд ки муаллиф гумон мекунад водии Қаротегин гӯё аз НБО Роғун барқ мегирифта бошад. Муаллифи соддалавҳ ҳатто намедонад, ки тамоми нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикӣ пайвастанд ва тавассути ин система ба ҳамаи минтақаҳо барқ интиқол дода мешавад.
Сарлавҳаи мавод «Дар НБО Роғун садама рух додааст?», ки бо аломати савол навишта шудааст низ як кушиши ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа ё аз гӯшаи орзуҳои амалинашавандаи душманони миллати тоҷик аст. Аввалаш, ки дар Роғун ягон садама рух надодааст, баъдан овардани тахминҳои ҳавоии «шикастани таҷҳизот» ё «чаппа васл кардани он» барои онҳое, ки андаке аз соҳаи энергетика ва сохтмонҳои энергетикӣ огоҳанд, хандаовар аст ва кутоҳназарии муаллифро исбот месозад.
Бояд қайд кард, ки таъминоти барқи кишвар дар айни замон ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки танҳо агрегати якуми он ба истифода дода шудааст, ягон рабт ва вобастагие надорад.
Роғун масъалаи муҳимеро рӯнамоӣ кард. Дӯстро аз душман ҷудо кард. Ҳамон гуна, ки оппозитсия, ободии ин мулкро 27 сол пеш намехост ва мухолифи сарсахти сохтмони НБО «Роғун» буд, ҳоло ҳам дар зершуури ин тоифа ҳеҷ чиз тағйир наҳӯрдааст. Ин роҳгумкардаҳо душмани ашаддии Роғун боқӣ мемонанд. Аз баҳсу мунозираи кулӯху сангу банди эзор нараҳиданд, ки нараҳиданд.
Ҳоло, ки дар Ғарб гурӯҳакҳои фирории ошӯбгар ҷойгузин шудаанд, кӯшиш доранд, тасвири қалбакии мардуми моро ба чаҳониён вонамуд кунанд. Ин хиёнатманишӣ табиати азалии онҳо гаштааст. Мурғе пар занад, онро каргаси хунхор метарошанд. Фарёди булбулро зоғ мепиндоранд. Моҳигире барои дилхушӣ моҳичае гирифта бошад, онро наҳанг вонамуд мекунанд. Аз пашша фил месозанд. Ин таблиғоти зиддимиллӣ ҳар чи зудтар бояд қатъ карда шавад.
…Аз ҳамаи ин, метавон хулоса кард, ки маводи муғризонаи муаллиф як кушиши навбатии оҷизонаи ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа мебошад. Вале он чунон беасос ва соддалавҳона аст, ки ба шаҳомату нусрати кишвари мо ва миллати бунёдкори мо заррае таъсир нахоҳад кард.
Нозир Ёдгорӣ,
мутахассис оид ба соҳаи энергетика
|