• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз777
mod_vvisit_counterДирӯз1184
mod_vvisit_counterДар ҳафта5835
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта9215
mod_vvisit_counterМоҳ12613
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта33257
mod_vvisit_counterҲамагӣ1121997

Online 19
IP шумо: 216.73.216.226
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-09-10 15:15
23.11.2021 06:26

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

5.jpg - 82.69 Kb23.11.2021 дар факултетҳои химия, физика ва таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ба ифтихори “Рӯзи парчами давлатӣ”  чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!”-дар факултети химия, “Парчам – рамзи соҳибдавлатии кишвар” –дар факултети физика, “Парчамат аз Кова омад”-дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста пайдоиш,  гиромидошт ва нақши  парчами давлатӣ маърӯзаҳо намуданд. Сурудхонии донишҷӯён ба чорабинии факултетҳо ҳусни тоза мебахшид.

 
23.11.2021 06:18

 

ПАРЧАМ-РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

2.jpg - 140.09 Kb23-юми ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айни мизи мудаввар  таҳти унвони “Парчам-рамзи озодии миллат” бахшида ба “Рӯзи парчами давлатӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид . Мизи мудаварро мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминзода Манижабону оғоз бахшида,  тамоми иштирокчиёни мизи мудавваро  ба “Рӯзи парчами давлатӣ” табрику таҳният намуд.

 
22.11.2021 06:08

 

ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО

6.jpg - 123.21 Kb22.11.2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори “Рӯзи парчами давлатӣ” аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Парчами мо – ифтихори мо” баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи ҷавонон Абдураҳмонов Маҳдӣ доир ба хусусиятҳои пайдоши нахустин парчами ниёконӣ “Дирафши Ковиён” андешаронӣ намудаву  таъкид бар он намуд, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар Тоҷикистон  ин иди миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

 
19.11.2021 06:05

 

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИД

2.jpg - 37.11 KbРӯзи 16 - уми ноябри соли равон дар Кохи Сурӯш бо иштироки васеи аҳли зиёи кишвар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни мазкур Раҳматулло Қувватов – донишҷӯи курси 5 – уми факултети таҳсилоти ибтидоӣ  дар наминатсияи “Сарояндагии анъанавӣ” миёни довталабони аз 18 то 40-сола иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Раёсати донишгоҳ  Раҳматулло Қувватовро барои ба даст овардани ғолибияти озмуни мазкур табрику таҳният намуда, дар оянда фатҳи баланди қуллаҳои илмиву эҷодиро таманно менамояд.

 
18.11.2021 10:09

 

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ

ДОНОӢ КИТОБ АСТ...”, ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

9.jpg - 49.82 KbРӯзи 16 - уми ноябри соли равон дар Кохи Сурӯш бо иштироки васеи аҳли зиёи кишвар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ, дар даври шаҳрии озмуни мазкур 11 нафар довталабон иштирок намуда, 6 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

 
18.11.2021 09:43

 

БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТ!

10.jpg - 60.55 Kb

Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони “Авангард” озмуни ҷумҳуриявии “Шеър, достон ва мақолаи публисистии беҳтарин” дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 14 то 30-солаи кишвар эълон гардида буд. Озмуни мазкур санаи 16-уми ноябри соли 2021 дар Академияи ВКД ҶТ бо иштироки васеи иштирокчиёни ин озмун ҷамъбаст гардид.

Қобили қайд аст, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳар се номинатсия 9 нафар довталабон иштирок варзиданд.

 
13.11.2021 11:18

СТРАТЕГИЧЕСКИЕ ПОБЕДЫ И ПОРАЖЕНИЯ

 
12.11.2021 15:23

 

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

2.jpg - 242.96 Kb12.11.2021 дар Гимназияи №4-и барои хонандгони болаёқати шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф ифтитоҳ намуд.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон,  профессор Махфират Хидирзода, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, профессор Диноршоҳ Азиз, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода ва муовини сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ, ба як қатор кормандони соҳаи маориф ба ифтихори 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо қарори Шӯрои  вазирони корҳои хориҷии ин созмон, аз 14.07.2021, таҳти №13 бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадрдонӣ гардонида шуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ