• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз195
mod_vvisit_counterДирӯз653
mod_vvisit_counterДар ҳафта3558
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта324
mod_vvisit_counterМоҳ3882
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта0
mod_vvisit_counterҲамагӣ575871

Online 8
IP шумо: 3.129.210.35
MOZILLA 5.0,
Now is: 2024-12-27 10:28

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
26.01.2019 08:30

Тартиби холгузорӣ ба фаъолияти ҳафтаинаи донишҷӯ ва кор бо кабинети инфиродии омӯзгор

Маълум аст, ки шурӯъ аз нимсолаи 1-уми соли таҳсили 2018-2019, яъне моҳи сентябр, ҳар як донишҷӯи шуъбаи рӯзона вобаста ба курс ва ихтисос (равия) бояд дар як фосила (рейтинг) соҳиби 100 хол гардад. Вобаста ба ҳафтаҳои таълимии фосила, барои як ҳафтаи таълимӣ 12,5; 16,6 ва 20 холро ташкил менамояд.
Миқдори ҳафтаҳои таълими барои як фосила аз рӯи чӣ муайян мегардад? Вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзиҳои педагогӣ ва рисолаи хатм як фосила ба 5,6 ва 8 ҳафта ҷудо мешаванд.

 
26.01.2019 08:22

БАРРАСИИ ОМОДАГИИ ДОНИШГОҲ БА НИМСОЛАИ НАВИ ТАҲСИЛ

Санаи 25-уми январ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ бо ҳузури устодону омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) баррасӣ гардид. Нахуст ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти таълимии донишгоҳ дар давоми соли сипаришуда андешаронӣ намуда, аз муваффақиятҳои бадастомада ва мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуд.

 
26.01.2019 08:01

Ширкати кормандони донишгоҳ дар конфронс

Санаи 25-уми январ намояндагони донишгоҳ Мусоҷонова Ҷ.М. - муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Саидова Г. - мудири   бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ, Маҷидова Б. - доктори илмҳои педагогӣ, Иматова Л. - доктори илмҳои педагогӣ ва 20 нафар донишҷўёни фаъоли донишгоҳ дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо», ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 
26.01.2019 07:51

Мушкилоти молиявӣ – асли қазияи бозмонди нашрияҳо

Дирӯз матлаби муассиси хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон», рӯзноманигори шинохта Зафари Сўфӣ таҳти унвони «Вақте ҳамаи роҳҳоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сӯфиро ба унвони шоир, рўзноманигор ва қаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам. Албатта, он чи ки интишор медиҳад, аз ҷумлаи шеър ва  матолиби публитсистї назари шахсӣ ва диди инфиродии ӯст ва ба ин дидгоҳу мавқеъгирӣ қоилем.

 
25.01.2019 06:32

МИЛИТСИЯИ МАН – ҲИМОЯТГАРИ МАН

Аз ҷониби Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 то 28 декабри соли 2018 дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фикру ақидаи мардум нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пурсиши иҷтимоӣ гузаронида, шуд. Пурсиш дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида шуда, шумораи пурсидашудагон  2796 нафарро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.

 
23.01.2019 03:53

Защита рубежей СНГ – общее дело стран ОДКБ

На российских телеграмм-каналах появилась информация о том, что «следующим очагом войны может стать Таджикистан», и что во взрыве в Магнитогорске прослеживается связь с выходцами из РТ. Однако, так как здесь не назван конкретный источник, такие сведения следует считать недостоверными и провокационными. Тем более что сами заметки оканчиваются пояснением о том, что «информация на российских политических телеграм-каналах часто публикуется от имени анонимных источников, требует дополнительного подтверждения. Часто здесь публикуется явный бред, поэтому относиться к такой информации следует критически».

 
23.01.2019 03:51

Номаи амири манғит ҳамчун ифтихороти наҳзатӣ

Кӯри Юнус (Саийдюнус), аз кадом бойгонии хоҷагонаш номаи амири алайҳилаъна Олимхонро кофта бароварда ба мардум ҳамчун далели таърихӣ пешниҳод кардааст. Онро номаи амир ба Ҷомеа (Лига)-и Миллатҳо унвон намудааст. Оғоз мекунем,  ба таҳлили сарсарии ин нома. Ба масъалае ки чаро мардуми одӣ, ё ба ибораи амири манғит «аз аъло то адно» ҳама ӯро пушти по заданду ҳукумати мардумӣ таъсис доданд, ҷавоб хоҳем дод!?

 
23.01.2019 03:49

Хиёнати миллӣ (Қисса дар бораи босмачибозии  наҳзатӣ)

Дар китоби рӯймизии ҳар тоҷики оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом  ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ». Ё ба иборати дигар:
Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,
Гар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ».

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ