|
31.10.2025 18:36 |
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз (31.10.2025) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ва омӯзгорон хониши сиёсӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи ҳуқуқ Давлатзода Фаридун дар мавзуи «Консититутсия ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
|
|
31.10.2025 14:54 |
|
МАҲФИЛИ ДОНИШГОҲИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
 Имрӯз, 31 октябри соли 2025, тибқи нақшаи кории раёсати Донишгоҳ, маҳфили донишгоҳии “Шоҳномахонӣ” дар факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, профессор Зикирзода Ҳ., намояндаи раёсати илм ва инноватсия Дӯстова Н., муовини декан оид ба илм Холназариён Р.М., мудирони кафедраҳои факултет — дотсентон Иброимова Г. ва Бақозода С., профессорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Солеҳов Ш. ва Элбоев,
|
|
31.10.2025 14:45 |
|
МИЗИ МУДАВВАР: “ПУЛИ СОМОНӢ — РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”
 Бахшида ба 25-солагии ҷорӣ гардидани пули миллӣ — сомонӣ, санаи 31 октябри соли 2025, аз ҷониби устодони факултети «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
|
|
30.10.2025 19:02 |
|
ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИККРОМ
Директори Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Кенҷазод Фаридун дар чорабинии сатҳи баланди Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос (ICCROM) таҳти унвони CollAsia–2025: Мушоҳида, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси коллексияҳо иштирок ва суханронӣ намуд.
|
|
29.10.2025 19:01 |
|
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия рӯзи 29.10.2025 даври муассисавии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки он то 31.10.2025 аз рӯи 15 фанни таълимӣ баргузор мегардад ва ғолибон ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мазкур роҳхат мегиранд. |
|
29.10.2025 05:03 |
|
КӮМАК БА ШАХСИ НИЁЗМАНД
Имрӯз дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ба як шаҳрванди ниёзманд аробачаи маъюбӣ супорида шуд.
Мӯйсафед, ки худ бемор ва маъюб буда, дар хона фарзанди бемор низ дорад, бо дархости кӯмак ба роҳбарияти донишгоҳ муроҷиат намуд.
|
|
29.10.2025 04:57 |
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
29.10.2025 03:53 |
|
ШОМИ ФАРҲАНГӢ
 Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз анҷоми дарсҳо ва вақти корӣ баҳри болидахотирии устодону кормандон ва донишҷӯён барномаи фарҳангии ансамбли “Чеҳраннамо”-и Донишгоҳ баргузор гардид.

|
|
|
|
|