|
11.03.2026 22:55 |
|
МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КОЛЛЕҶИ ТАҲСИЛОТИ ТЕХНИКИИ ВИЛОЯТИ ПАНҶОБИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
11 марти соли ҷорӣ дар доираи баргузории Конгресси байналмилалии таҳқиқоти бисёрсоҳа мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Аҳлиддин Ибодуллозода бо Директори генералии Коллеҷи таҳсилоти техникии вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор КНС Канг баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимиро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими академӣ, табодули таҷриба миёни омӯзгорону муҳаққиқон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмиро муҳим арзёбӣ намуданд.
|
|
11.03.2026 09:51 |
|
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълими географияи мактабӣ дар давраи татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи география доир гардида, дар он масъалаҳои муҳими рушди таълими география дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
|
10.03.2026 19:17 |
|
ИШТИРОК ВА МУАРРИФИИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲҚИҚОТИ БИСЁРСОҲА ДАР ҲИНДУСТОН
Рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар кори Конгресси байналмилалии XIV оид ба таҳқиқоти бисёрсоҳа (14th International Conference on Multidisciplinary Research) иштирок намуданд. Чорабинии мазкур аз 10 то 12 марти соли 2026 дар заминаи Коллеҷи таҳсилоти техникии вилояти Панҷоб (Гуруҳи институтҳои Панҷоб, Донишгоҳи техникии Панҷоб) дар музофоти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид.
|
|
10.03.2026 18:30 |
|
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ
Дар ҷаласаи навбатии қисмии илми донишгоҳ сардорони раёсат, сохторҳо ва муовинони деканони факултет оид ба илм ширкат варзиданд. Сараввал муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. иброз дошт, ки вобаста ба сарфаи вақт ва баргузории чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ҷаласаҳои моҳҳои феврал ва март ба таври муштарак баргузор мешаванд.
|
|
09.03.2026 23:02 |
|
МАҲФИЛ-ОЗМУНИ “МОДАР ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН” МИЁНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ХОБГОҲҲО
Дар асоси нақша-чорабиниҳои бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Модар миёни донишҷӯдухтарони хобгоҳҳо маҳфил-озмуни донишгоҳии “Модар фариштаи рӯи замин” ташкил ва баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки Назарзода Нигора, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Давлатшо Каримзода, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ, Муродов Муҳаммад, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Давлатзода Муслима, мудири бахши кор бо духтарон ва бонувон инчунин донишҷӯдухтарон ва дастаҳои хобгоҳҳо иштирок намуданд.
|
|
07.03.2026 13:10 |
|
ҚАДРДОНИИ ДОНИШҶӮИ ФАЪОЛ ДАР МАРОСИМИ ҶАМЪАСТИИ СОҲАИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти фаъолияти беҳтаринҳо ва ташкилотҳои ҳамкор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025 баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Дар доираи маросими ҷоизасупорӣ як қатор ҷавонони фаъол барои саҳми назаррас дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ — Қаюмов Мавлавӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, инчунин
|
|
06.03.2026 21:59 |
|
ҚАДРДОНИИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ФАЪОЛ ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР”
 Дар доираи чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” як қатор занону бонувони фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илму маориф ва саҳми арзанда дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо “Сипоснома”-и ректори Донишгоҳ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
|
|
06.03.2026 21:30 |
|
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, меҳмонон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ иштирок намуда, аз мақому манзалати волои занону модарон дар ҷомеа, саҳми онҳо дар тарбияи насли солим ва рушди соҳаи илму маориф ёдовар шуданд.
|
|
|
|
|