• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз193
mod_vvisit_counterДирӯз510
mod_vvisit_counterДар ҳафта2903
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта324
mod_vvisit_counterМоҳ3227
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта0
mod_vvisit_counterҲамагӣ575216

Online 14
IP шумо: 18.218.250.241
MOZILLA 5.0,
Now is: 2024-12-26 05:59

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
16.01.2019 10:43

Каюмзод опять называет чёрное белым

После показа очередного документального видеофильма, где бывшие члены ТЭО ПИВ свидетельствуют о террористической деятельности этой организации, её пресс-секретарю  Бободжону Каюмзоду ничего не остаётся делать, как всё отрицать.

 
16.01.2019 09:32

 

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандон

Имрӯз дар толори шӯрои олимони факултети забонҳои романӣ - германӣ Маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба «Ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита дар соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2019» бо иштироки Раиси Кумита Бӯриев М., 28 - нафар аъзоёни Раёсати Кумита ва 5 - нафар аз сохторҳои алоҳидаи донишгоҳ таклиф шуда, баргузор гардид.

 
16.01.2019 09:03

Абӯҷаҳл мусулмон шуданӣ нест
(Ҷавоб ба изҳороти хоинонаи Б.Қаюмзод)

Бобоҷон Қаюмзод, худфурӯхтае ки одамгарӣ   дар вуҷуди ӯ қирон овардааст. Ҳама  медонанд, ки аз бозе ки  Бобоҷони Қаюмзод, ба ном ҷорчии ҳизби террористи наҳзат, изҳорот медиҳад, аз он бӯйи хуну қатлу ваҳшату ғорат меояд.  Ин ҳизб ташнаи хун аст. Асосгузори ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ҳама бофтаҳо ва гуфтаҳои ин бобои террору даҳшатафканӣ, маҳсули ватанфурӯшӣ ва бемоягии равонӣ аст.

 

 
14.01.2019 11:15

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШИНОХТИ ИЛМИ ТОҶИК

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, рушди иқтисодӣ ва такомули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ устуворона қадам мегузорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқаи илму технологияҳои нав дунёро фаро гирифтаанд ва имрӯз мафҳуми илму дониш ҳамчун маҳаки асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа барои ҳамагон аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.

 
12.01.2019 10:45

Паёми Пешвои миллат – раҳнамои устодону донишҷӯён

Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи васеи омӯзишию маърифатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ширкати ҳайъати раёсати донишгоҳ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибона баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Н.Убайдуллоев ифтитоҳ бахшида, оид ба муҳтавои куллии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

 
12.01.2019 09:15

ҲАМОИШИ
СОҲИБКОРОНИ ҶАВОН ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН ВА ТАМОЮЛОТИ ОНҲО БА СОҲИБКОРӢ» ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаи 11.01.2019 дар толори шурои олимони донишгоҳ Ҳамоиши соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон ва тамоюлоти онҳо ба соҳибкорӣ» дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, бо иштироки Муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Махкамбой Гулзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И. Сомонӣ Иброҳимзода Амир ва Қурбонов Сулаймон Муовини директори КВД Клуби соҳибкорони ҷавон, меҳмонон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда суханронӣ карданд.

 
12.01.2019 08:19

Ду муваффақияти як донишҷӯ

Соли сипаришуда барои донишгоҳи мо соли бобарор ва хотирмон ба ҳисоб рафта, дар самтҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию тарбиявӣ комёбиву муваффақиятҳои назаррас ба даст омад. Донишҷӯёни донишгоҳ низ дар чорабиниҳои гуногун ширкати фаъолона варзида,

 
11.01.2019 11:04

Дифои рисолаи номзадӣ дар бахши фалсафа

Санаи 28-уми декабри 2018 устоди донишгоҳ Ҳамидов Бобоҷон Абдуаҳадович рисолаи илмии номзадии худро дар мавзӯи «Религиозно-философские аспекты формирования правовой системы в учениях мусульманских мыслителей VIII-XII вв.» аз рӯи ихтисоси 09.00.14 –фалсафаи дин ва диншиносӣ зери роҳбарии доктори илми фалсафа, профессор Назариев Рамазон  ва доктори илми фалсафа, профессор Самиев Бобо Ҷураевич бо муваффақият дифоъ намуд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ