24.10.2018 17:24 |
ФАРҲАНГИ КИТОБДОРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Имрӯз, 24-уми октябри соли 2018, дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси илмӣ таҳти унвони “Фарҳанги китобдорӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ” баргузор гардид. Дар конфронс устодону кормандони донишгоҳ, меҳмонон аз Китобхонаи миллӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Чорабинии илмиро муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Н. Убайдуллоев ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи рушди китобдорӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи тоҷикон ва тавсеаи фарҳанги мутолиаи китоб дар донишгоҳ ибрози назар намуд.
|
19.10.2018 17:41 |
ВОКУНИШИ ИҒВОАНГЕЗОН
Имрӯзҳо аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Бадахшони ҷумҳурӣ як моҳ сипарӣ мегардад. Дар ин сафар Президенти мамлакат аз дастовардҳо ва камбудиҳои дар ин минтақа ҷойдошта аз наздик ошно гардида, стратегияи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасии оммаи васеи сокинон қарор доданд. Яке аз омилҳои ташвишовар дар вилоят, пеш аз ҳама, ин баланд будани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошад. Чунин гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо истифода аз силоҳи оташфишон ба раванди ҳаёти осоиштаи мардум ва амнияти шаҳрвандон халал ворид намуда, волоияти қонунро зери по менамоянд.
|
18.10.2018 17:31 |
ҶОИЗАИ ОЛӢ ДАР ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОН
Дар озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон”, ки санаи 12-уми октябри соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии он баргузор гардид, омӯзгори факултети физикаи донишгоҳ Фарзона Абдуҷалилзода соҳиби ҷои аввал ва ҷоизаи олӣ гардид. Озмун-фестивали мазкур таҳти унвони “Ҷавонон – созандагони Ватан” бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он наврасон ва ҷавонони ихтироъкор аз шаҳру навоҳии кишвар бо ихтироъ ва навовариҳои худ иштирок намуданд.
|
15.10.2018 08:12 |
ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ
Санаи 13-уми октябри соли равон зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ширкат варзиданд. Чорабинии варзишӣ соати 0630 шурӯъ шуда, донишҷӯён бо либосҳои варзишӣ таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ муддати беш аз як соат ба тамрини бадан машғул гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чорабинии мазкур дар доираи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, тибқи дастуру супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ҳар рӯзи шанбе баргузор хоҳад гашт.
|
12.10.2018 10:46 |
ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР БА АҲЛИ ҶОМЕАИ БАШАР
Бо ба миён омадани давлатҳои миллӣ низоми сиёсии олам куллан дигар гардид. Акнун на як-ду давлат, балки тамоми давлатҳои миллӣ ҳуқуқҳои хешро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз мекардагӣ шуданд, зеро онҳо чун актори асосии муносибатҳои байналхалқӣ баромад мекарданд. Яъне имрӯз дар ҷомеаи муосир давлатҳои миллие ташаккул ёфтаанд, ки ҳар кадом дар асоси манфиату талаботҳои худ дар арсаи ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар баробари ҳадафҳои алоҳида доштанашон, онҳо боз дар баъзе мавридҳо сарҷамъ шуда, барои он падидаҳои бавуҷудомадае, ки таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳониро доранд, мубориза мебаранд.
|
12.10.2018 10:40 |
ТЕРРОРИЗМРО РЕШАКАН БОЯД КАРД
Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, масъалаи терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфаранги мо Афғонистон дар гирдоби ташаннуҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи кишвари моро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.
|
11.10.2018 10:27 |
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСИ ТОҶИКИСТОН
11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд. Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
|
06.10.2018 14:49 |
ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ
Пешаи омӯзгорӣ аз азал афзали ҳамаи касбу ҳунарҳо буда, омӯзгор бо маърифатофаринӣ ва равшангарии донишу раҳнамоии мардум дар роҳи даст овардани бахту саодати инсоният ва рифоҳу саодати ҷамъият саҳми бузург дорад.
Ба истиқболи Рӯзи омӯзгор санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён ва намояндагон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
|
|
|
|