• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз229
mod_vvisit_counterДирӯз885
mod_vvisit_counterДар ҳафта4749
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6406
mod_vvisit_counterМоҳ4749
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28173
mod_vvisit_counterҲамагӣ903551

Online 20
IP шумо: 216.73.216.183
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-06 05:46
04.10.2025 20:15

 

БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ҷаноби О-Бонг Янг дар доираи сафари хеш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз осорхонаи донишгоҳ боздид ба амал овард.
Меҳмононро дар саҳни осорхона бо иҷрои суруди зинда аз ҷониби ҷавонони боистеъдод истиқбол гирифтанд. Сипас ҷаноби О-Бонг Янг ва ҳайати ҳамроҳаш бо экспозитсияи толорҳои намоишӣ шинос шуданд.
 
04.10.2025 19:57

 

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНИ КОРЕЯГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими тантанавӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбук ҷаноби О-Бонг Янг ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сонг Шик иштирок намуданд.
Профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии худ ифтитоҳи марказро қадами муҳим дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва

 
04.10.2025 19:43

 

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК БА ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Дар доираи густариши ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дуҷониба президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ҷаноби О-Бонг Янг ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, ва ҳайати масъулон бо анъанаи хоси тоҷикӣ дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.

 

 
01.10.2025 09:20

МУЖДАДЕҲИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ

Баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар саргаҳи сиёсати хирадмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро омӯзгор ҳамчун чароғи рӯзгор роҳи минбаъдаи рушди босуботи ҷомеаро равшан менамояд, бо нури донишу партави пурфурӯғи хирад ҷаҳони маънавии инсонҳоро фурӯзон менамояд, ба дилҳо донаҳои меҳр мекорад, фитрати башариятро бо зевари маънавият оро медиҳад.
Омӯзгор шахси пешқадами ҷомеаи маърифатафрӯз аст, ба сифати инсони солор ва ҳӯшманд тапиши набзи ҷомеаро эҳсос менамояд, бо заҳмат набзи шогирдони ташнаи илму донишро ба набзи ҷомеаи муосири пешрафта ҳамнаво мегардонад ва муҳимтар аз ин, бо омӯзишу парвариш ҷомеаи мутамаддини донишмеҳвар месозад, ки дар он неруҳои фитрии инсон – илм, дониш, хирад, маърифат ва инсонгароӣ ҷойгоҳи воло доранд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати яке аз муассисаҳои пурнуфузи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони
 
30.09.2025 23:42
ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз анҷоми дарсҳо ва вақти корӣ баҳри болидахотирии устодону кормандон ва донишҷӯён барномаи фарҳангии ансамбли “Чеҳраннамо”-и Донишгоҳ баргузор гардид.
 
30.09.2025 15:46
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
 
01.10.2025 05:28

МАҲФИЛИ АДАБӢ БА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО

Имрӯз дар кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ маҳфили илмӣ-адабӣ ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалоллидини Балхӣ баргузор гардид. Нахуст декани факултет профессор Зикирзода Ҳ. доир ба арҷгузорӣ ба ин шахсияти адабиву фарҳангӣ, мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик сухан намуда, ҳамасола ҷашнгирии ин санаи муҳими таърихиро иқдом нек зикр карданд.
 
29.09.2025 21:22

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

29 сентябри соли 2025 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки нуҳ нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар озмуни мазкур бо ишғоли ҷойҳои намоён сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд. Маъмурият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ғолибонро барои ин дастоварди шоиста табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои нав дар даври ҷумҳуриявӣ орзу менамоянд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ