04.01.2018 08:44 |
ТАШАККУЛИ ҶАВОНОН ДАР МАКТАБИ РОҲБАРӣ ВА СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд.
|
29.12.2017 06:03 |
Хатарҳои глобалӣ дар ҷомеа.
Маънои калимаи “экстремизм” ин раванди ҷонибдории усулҳои ифроти ба шумор меравад, киаз ҷониби гуруҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгири низ меёбад. Агар дар шароити имрӯза ба қазия назар афканем, пеш аз ҳама экстремизм ба сиёсат дахл намуда истодааст, ки ин тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи динҳо низ эҳсос кардан мумкин аст. Инсоне, ки дар шароити имрӯза умр ба сар мебарад, бояд доимо аз тинҷию амони ва пояндагии давлати худ ва давлати ҳамсоя шукргузор бошад.
|
29.12.2017 06:00 |
Каримон ҷон фидои дӯст карданд.
Таърихи куҳанбунёди адабиёти тоҷик, ки аз адабиётҳои қадимтарин ва ғанитарини дунё маҳсуб меёбад, дар тамаддуни умумиинсонӣ мақоми бузургро ишғол менамояд.Ҳанӯз пеш аз солшумории мелодӣ вақте ниёгони мо пайраи дини Зардушт буданд, амалҳои некро пазируфтаву корҳои бадро маҳкум мекарданд.Онҳо барои инсонҳо “Пиндори нек- кирдори нек”-ро ташвиқ менамуданд,ки ин шиорро марому ҳадаф ва амали хеш қарор дода буданд.
|
29.12.2017 05:52 |
Таассуб ва ифротгароӣ.
Тайи даҳсолаҳои охир кишварҳои мусулмонӣ ба буҳрони бузург гирифтор шудаанд, ки низоъу ҷангҳои тӯлонӣ дар майдони муборизҳои сиёсӣ ва пайдо шудани хизбу ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ нишонаи рӯшани он мебошад.Таҷрибаи ҳизбсозии мазҳабӣ як амали носозгор буда, хусусан аз ҷониби аксари башарият пазируфта нашудудааст. Вале сиёсисозии дин аз ҷониби баъзе ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти вазъи иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ равона карда шудааст.
|
28.12.2017 14:07 |
Ҷавонон раҳгумзада нашаванд
Ҷавонон қувваи бузургеанд. Ҳар миллату давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳамчунин, дар ҳоли омодабош барои дифоъ аз давлату миллат тарбия бинмояд. Ҷавононе ба мисли Суҳробу Сиёвуш дар таърихи мо манбаи ибратпазириянд, ки барои дифои манфиатҳои миллату давлати хеш ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд.
|
28.12.2017 14:05 |
Аз гурӯҳҳои ифротгаро дур бояд буд
Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ ва эътимоди хоса нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон доштанашонро дар ҳар суханронии хеш иброз медоранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат
|
28.12.2017 13:58 |
Тарбияи хуби ҷавонон-вазифаи волидон
Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии
|
28.12.2017 13:56 |
Амнияти Ватанро ҳифз намоем
Ваҳдат ободии Ватан, бебаҳотарин неъмати рӯзгори мост ва шукрона мекунем, ки он ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон , фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.
Инчунин, Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафии сулҳофарӣ, фарҳангпарварию таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
|
|
|
|