• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз877
mod_vvisit_counterДирӯз1188
mod_vvisit_counterДар ҳафта6002
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ6871
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ819783

Online 7
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-07 23:17

 

 

ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

photo 402.jpg - 90.02 KbМаълум аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ чун анъана ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳафтаи илм таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» рӯзҳои 16 – 19 апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» баргузор гардид.

 

 

ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

photo 392.jpg - 64.35 KbРӯзи 19.04.2019 намояндагони донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини авалли ректор, директори донишкадаи рушди таҳсилот Канагатова Аллагул Медихатовна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ташриф оварданд. Дар доираи ташрифи хеш бо маъмурияти донишгоҳ вохӯрӣ намуда, баъдан презинтатсияи донишгоҳи мазкурро дар толори Шурои олимони донишгоҳ ба саҳми ҳамагон расонидаанд. Тибқи ин презентатсия, донишгоҳи мазкур соли 1988-ум таъсис дода шуда,

 

 

Либоси миллӣ ифтихори ман

photo 390.jpg - 123.62 KbБо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати  миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва ҷойгоҳи занон дар ҷомеа баланд гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ, омезиши фарҳангҳо ва ҳифзи фарҳанги миллӣ бахусус тарзи ба бар намудани либосҳои миллии тоҷикӣ аҳамият ва таваҷҷӯҳи хосаро тақозо мекунад.

 

Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсия дар донишгоҳ

photo 383.jpg - 5.65 MbҶаласаҳои навбатии бахшҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа», ки санаи 16-уми апрели соли  ҷорӣ  ба кори худ оғоз бахшида буд, идома ёфтанд.

 

Идомаи конференция дар донишгоҳ

photo 376.jpg - 5.77 MbРӯзҳои 16-ум ва 17- уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва  донишҷӯён, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз ёфта, дар 8- бахш, ки  кори худро идома дод.

 
18.04.2019 06:30

 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

17.04.2019

photo 368.jpg - 35.48 Kb

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохурии ҳайтаҳои васеъи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд. Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.

http://www.president.tj/node/19884

 
16.04.2019 05:35

Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа

photo 337.jpg - 101.94 KbДар санаи 16-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз гардид. Конференсияро доктори илмҳои таърих, профессор, ректори донишгоҳ, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуданд,

 
16.04.2019 10:59

Забони мо тоҷикист!

Бинобар пеш омадани зарурат ва боз доғ шудани баҳси забони модарӣ, мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик  Иброҳим Усмонро таҳти номи “Баҳси алифбои тоҷикӣ”-ро ба нашр мерасонем, ки  ба доираҳои  иғвоангез ҷавоби мушаххаси илмӣ ва бунёдӣ додааст.

БАҲCИ  АЛИФБОИ ТОҶИКӢ

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ