10.11.2017 13:27 |
Ҷаласаи Шурои занон
9-ноябри соли равон таҳти раёсати муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ муҳтарама Бобокалонова Раъно Норбоевна ҷаласаи Шурои занони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа муҳтарама Бобокалонова Р. Н. ба аъзоёни Шурои занон раиси навтаъин гардидаи Шурои занони донишгоҳро муаррифи намуд.
|
10.11.2017 13:24 |
Олимпиадаи даври якуми донишҷӯён аз фанни физика
Даври якуми олимпиадаи донишҷӯён аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он 70-нафар донишҷӯ иштирок намуд.
Чорабини бо сухани ифтитоии декани факултет, дотсент Раҳмонов Ш оғоз гардида, пас аз он устодони собиқадори факултет –Нуриддинов З, Шерматов М, Қодиров Б. доир ба моҳият ва аҳамияти олимпиадаҳои фаннӣ ва нақши он дар рушду ташакули дониши донишҷӯён суханронӣ намуданд.
|
09.11.2017 10:21 |
Ҷараёни олимпиада дар факултети забони англисӣ
Дар санаи 9.11.2017 даври аввали олимпиадаи донишгоҳӣ дар факултети забон ва адабиёти рус баргузори гардид, ки дар он иштирокчиёни олимпиада фаъолона иштирок намуданд. Олимпиада хеле хуб гузаронида шуд. |
09.11.2017 10:20 |
Ҷараёни олимпиада дар факултети забон ва адабиёти рус
Дар санаи 9.11.2017 даври аввали олимпиадаи донишгоҳӣ дар факултети забон ва адабиёти рус баргузори гардид, ки дар он иштирокчиёни олимпиада фаъолона иштирок намуданд. Олимпиада хеле хуб гузаронида шуд.
|
09.11.2017 09:13 |
Рафти олимпиада дар факултети таърих
Дар санаи 8.11.2017 соати 13.40 олимпиада дар факултети таърих баргузор гардид. Дар асоси нақша шакли олимпиада дар даври аввал тариқи тестӣ гузаронида шуд. Донишҷӯён озоду фаъол иштирок намуданд.
|
09.11.2017 09:06 |
Навбатдории устодони кафедраи сиёсатшиносӣ дар хобгоҳҳои Донишгоҳ
Дар асоси нақшаи Раёсати тарбия ва кафедраи сиёсатшиносӣ омӯзгорони кафедра Қосимова Р., Ахиева С., Мирзоев У. ва мудири кафедра Бедилов Ҳ. Дар хобгоҳҳои донишгоҳ навбатдорӣ намуданд. Дар хобгоҳи № 3 бо истиқоматкунандагони донишҷӯдухтарон семинар дар мавзуъҳои мубрамияти рӯзи ҷоме суҳбат намуданд.
|
07.11.2017 05:07 |
«Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»
Садорати факултети таърих дарси кушоди тарбиявиро дар санаи 03.11.2017 аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқ Шарипов Н. бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» дар мавзӯи «Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар байни курсҳои 3-юм доир намуд. Омӯзгор қайд намуд, ки конститутсия барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ санаи тақдирсоз буда, аввалин маротиба миллати тоҷик бо раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии хешро бо иродаи худ қабул намуда, бо дарки тамоми масъулият онро мавриди амал қарор дод. Пеш аз он, ки оид ба масъалаи нақши
|
04.11.2017 08:10 |
Кумак ба маъюбон
Аз рӯи нақшаи ҳамкорӣ бо хоҳиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш.Душанбе ба ин муассиса 214 адад китобҳои бадеӣ ҳадя намудем.
4.11.2017 соати 10 .00 ба рӯзи конститутсия дар ин муасиса чорабинӣ баргузор шуд.Дар ин чорабинӣ устодон аз факултаи таърих Қаландарова Н,Фозилова М,мудири китобхонаи Донишгоҳ Мусина Э иштирок ва баромад намуданд.
|
|
|
|