|
11.12.2025 08:56 |
|
ПАЖУҲИШИ СУДМАНД (Хоҷазод С.Ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон.-Душанбе: ДДОТ, 2024.-125 с.)
Хуб аст, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаи рӯзноманигорӣ ба воситаҳои ахбори омма ва масъалаҳои марбут ба он зиёд гардида, ҳосили заҳмати онҳо дар шакли мақолаву китобҳои гуногун манзури ҳамкасбону муштариён мегардад.
Китоби нави доктори илмҳои филологӣ, профессор Саидмуроди Хоҷазод «Ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон» ҳосили ҷустуҷӯву омӯзишҳоест, ки аз манбаъҳои гуногун, хоса Бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, адабиёти илмиву таълимӣ, ҷузваҳои намоишҳо, матолиби нашрияҳои даврӣ ва гузоришҳои солонаи Кумитаи мазкур дастрас, коркард ва таҳия гардидаст.
|
|
09.12.2025 17:17 |
|
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби муовини якуми ректор, муовин оид ба корҳои таълимӣ Айнулозода Наҳтуло дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
09.12.2025 17:14 |
|
ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРИИ МИҲД-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ТИБҚИ УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ»
 Рӯзи 9 декабри соли 2025, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва мувофиқи нақша-чорабиниҳои муштарак, дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
|
|
08.12.2025 11:45 |
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
 Рӯзи 08.12.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
07.12.2025 11:46 |
|
ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ВОЛОНТЁРИ СОЛ – 2025»
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёри сол – 2025» роҳандози гардида буд, ки рӯзи 5-уми декабр бо ташкили як чорабинии пуршукуҳ ба таври расмӣ ҷамъбаст ва беҳтаринҳо муайян карда шуданд.
|
|
06.12.2025 18:08 |
|
ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ДОГИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
 Боиси ифтихору сарфарозист, ки донишҷӯи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ — Мудасираи Давлаталӣ, дар озмуни ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» иштирок намуда, миёни беҳтаринҳо ҷойи ифтихориро соҳиб гардид.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фаъоли донишҷӯёни факултети мазкур дар ин озмун, аз номи Раёсати Донишгоҳи молия ва иқтисод ҳамчун рамзи эҳтиром ба Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ сипоснома тақдим карда шуд.
Ин дастоварди арзанда боз як нишондиҳандаи талошҳои пайвастаи донишҷӯён ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва тарғиби донишҳои иқтисодӣ мебошад.
|
|
06.12.2025 12:15 |
|
БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБИ ИМД ДАР СОЛИ 2025
Боиси ифтихор аст, ки ба даҳгонаи беҳтарин довталабони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соли 2025 , донишҷӯи курси якуми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ , Ҷумаева Шаҳло дар бахши “Пешаи омӯзгорӣ” сарфароз гардидааст.
|
|
05.12.2025 18:10 |
|
ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОНЛАЙНӢ АЗ ФИЗИКА БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзи 4 декабри соли 2025 олимпиадаи байналмилалии онлайнӣ аз фанни физика дар Донишкадаи давлатии педагогии Туркманистон ба номи Сейитназар Сейди баргузор шуд. Дар асоси мактуби расмии воридгардида аз Ҷумҳурии Туркменистон, аз факултети физикаи донишгоҳ 6 нафар донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм тавассути низоми маҷозӣ дар ин олимпиада иштирок намуданд.
|
|
|
|
|