• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз298
mod_vvisit_counterДирӯз885
mod_vvisit_counterДар ҳафта4818
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6406
mod_vvisit_counterМоҳ4818
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28173
mod_vvisit_counterҲамагӣ903620

Online 15
IP шумо: 216.73.216.183
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-06 07:35
17.09.2025 16:48

 

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ФЕСТИВАЛИ “ГАНҶИНАИ МЕРОС”
Имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали “Ганҷинаи мерос” доир гардид, ки намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, хусусан донишҷӯдухтарон дар он фаъолона иштирок намуданд.

 

Фестивали “Ганҷинаи мерос” бо мақсади эҳё, ҳифз ва таблиғи мероси ғании таърихиву фарҳангии халқи тоҷик баргузор гардида, дар доираи он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иҷрои сурудҳои анъанавӣ, рақсу бозиҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва маҳфилҳои илмӣ доир шуд. Ҳамзамон ин чорабинӣ майдони муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва таблиғи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
 
17.09.2025 11:42

 

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 

 
17.09.2025 10:34

 

КОНФРОНС: “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси сатҳи баланди илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ” баргузор гардид.
 
16.09.2025 03:50

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 15.09.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 
15.09.2025 11:48

НАШРИ КИТОБИ “ПЕДАГОГИКА”

Нашриёти “Меҳрҷол Граф” китоби дарсии профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Абдулбоқӣ Нурзодаро бо номи “Педагогика” интишор намуд, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олии дорои равияи омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст. Китоби дарсии мазкур масъалаҳои мубрами таълиму тарбия, таҳсилот ва асосҳои идоракунӣ ва роҳбарӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро (мактабшиносӣ) дарбар гирифта, тибқи меъёрҳои тадқиқоти навин, таҷриба ва комёбиҳои педагогикаи ниёгон ва педагогикаи умумибашарии кишварҳои мутараққӣ таҳия шудааст.
Китоб бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои донишҷӯёни донишкада, донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ, муаллимон ва ихлосмандони соҳаи маориф, ки ба тарбия ва таълими насли наврас таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, тавсия гардидааст.

 

 
13.09.2025 10:44

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН БА ВАРЗИШ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар боғи Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва кормандон ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.

 
13.09.2025 03:36

 

ВОХӮРИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ВА НАМОЯНДАИ КДАМ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТҲО ДАР ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛ
Дар таърихи 12-уми сентябри соли равон дар толори фарҳангии бинои факултети забон ва адабиёти рус тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии бо донишҷӯёни курси якуми факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, химия, физика, математика ва информатика, педагогика, забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо мақсади шиносоӣ бо раёсати Донишгоҳ, пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу
 
12.09.2025 19:27
ХОНИШИ СИЁСӢ: “АЗ ТАЪРИХИ ҚАБУЛИ АВВАЛИН НИШОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсӣ дар мавзуи «Аз таърихи қабули аввалин нишони давлатии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мавзуи мазкурро мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи донишгоҳ, Маҳмудов Давлатшо, аз ҷанбаҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва маънавии қабули аввалин нишони давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷиконро таъкид намуданд.

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ