• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз635
mod_vvisit_counterДирӯз887
mod_vvisit_counterДар ҳафта2432
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта8135
mod_vvisit_counterМоҳ24817
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28867
mod_vvisit_counterҲамагӣ1037097

Online 16
IP шумо: 216.73.216.168
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-06-23 16:08
10.02.2026 08:53

ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ТАРБИЯ: ҶАШНҲОИ ДАРПЕШИСТОДА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи навбатии қисми тарбия бо иштироки муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд.
Ҳадафи асосии ҷаласа андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, риояи дастурамали сару либос, қоидаҳои дохилимуассисавӣ ва будубош дар хобгоҳҳо, таҳкими тозагӣ-санитарӣ, инчунин
 
10.02.2026 06:45

 

РАВЗАНАИ ОШНОӢ: ЧЕҲРАҲОИ ДОНИШГОҲ
ОМӮЗГОРИ СОҲИБЭЪТИБОР ВА МАРДИ МАЙДОНИ КОР
 
09.02.2026 21:04

 

ТАҚДИМИ КИТОБИ “ШОҲНОМА” БА ДОНИШҶӮЁНУ БОШАНДАГОНИ ХОБГОҲИ №2
Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба донишҷӯёну бошандагони хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тақдим гардид.
Ин иқдоми арзанда гувоҳи таваҷҷуҳи махсуси роҳбари давлат ба тарбияи маънавию фарҳангии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад.
 
09.02.2026 09:21

 

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 09.02.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 
07.02.2026 17:12

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ДОНИШГОҲ ДАР "ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Дар мусобиқаи кушоди варзишӣ барои ба даст овардани "Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки санаи 7-уми феврали соли 2026 баргузор гардид, дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар миёни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои хусусиву давлатии ҷумҳурӣ аз рӯи намуди шашка мақоми аввалро сазовор гардида, соҳиби Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ шуд.
Дастаи шашкабозон ва шоҳмотбозони донишгоҳ дар мусобиқаи мазкур таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ
 
07.02.2026 16:00

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ДОНИШГОҲ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни бостонии Сада таҷлил гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷашни Сада, ки рамзи гармӣ, рӯшноӣ ва ободии замин ба ҳисоб меравад, аз қадим дар байни мардуми тоҷик бо арҷгузорӣ ба суннатҳо ва фарҳанги миллӣ таҷлил мегардад. Дар робита ба ин, дар оғози чорабинӣ гулхан афрӯхта шуд, ки рамзи умед ба фарорасии баҳор мебошад.
 
07.02.2026 09:39

ВАРЗИШ ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МУҲИТИ ДОНИШГОҲ
Дар толори варзишии донишгоҳ бо иштироки фаъоли донишҷӯён машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Иштирокчиён ба иҷрои машқҳои гуногуни обутоби бадан машғул шуда, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳияи солими худро баланд бардоштанд. Ин чорабинӣ ба таҳкими саломатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани фаъолиятнокии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд.

 
06.02.2026 18:07

ХОНИШИ СИЁСӢ: «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛӢ ГАРДИДАНИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН»
Рӯзи 6 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар амалӣ гардидани сиёсати давлатии ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини декан оид ба корҳои илмии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ Зубайдуллозода Саидҷон баромад намуданд.
Зимни суханронӣ мавсуф ба нақши калидии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, рушд ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки сиёсати ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ