• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
30.05.2014 10:01

Коллеҷ номи Хосият Махсумоваро гирифт

17 май маросими ботантанаи ба Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ додани унвон ва ифтитоҳи пайкараи Муаллимаи шоистаи Тоҷикистон, аввалин зани дорои медали ба номи Н.К.Крупская Махсумова Хосият Нусратуллоевна баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон,

 
30.05.2014 09:59

Намоиши порча аз Шекспир

14-уми майи соли равон дар Коллеҷи омӯзгорӣ бо ибтикори кафедраи забони англисӣ конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён бахшида ба 450-солагии Улям Шекспир барпо гардид.
Устодону донишҷӯён оид ба рӯзгор ва осори Шекспир бо забони англисӣ маърӯзаҳо намуда, дар хотима порчаи намоишномае пешкаши ҳозирин гардид. Ҳамзамон, дар фарҷоми конфронс донишҷӯён бо забони англисӣ шеърҳо қироат намуданд.

 
30.05.2014 09:55

Ғолибони «Ҳафтранг» муайян шуданд

6-уми май бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгорӣ озмуни «Ҳафтранг» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм маҳорати хеле хуб нишон дода, бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ин баробар, 13-уми май дар толори коллеҷи мазкур бо ташаббуси мудири шуъбаи ҷавонон Ш.Давлатов дар мавзӯи «Зарари маводи мухаддир ба руҳу ҷисми инсон дар ҷомеа» конференсия барпо гардид.

 
30.05.2014 09:51

Таҷлили ҷашни Ғалаба дар Коллеҷи омӯзгорӣ

7 майи соли равон бахшида ба 69-умин солгарди Ғалабаи лашкари Иттифоқи Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ, 20-солагии қабул гардидани Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ конференсияи илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова баргузор гардид.
Конференсияро иҷрокунандаи вазифаи мудири

 
30.05.2014 09:48

Конференсияи ҳикматбор

Паёпай бо идвораи 7 май-Рӯзи радио ва алоқа санаи 12-уми майи соли равон дар Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 600-солагии А.Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси кафедраи математика-информатика баргузор гардид. Дар ин конференсия омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, омӯзгорон Ш.Зоиров дар мавзӯъҳои «7-уми май-Рӯзи

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ