05.12.2024 03:27 |
ПЕШГИРӢ АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ
Дар асоси нақшаи раёсати Донишгоҳ ҷиҳати пешгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб бо донишҷӯёни факултетҳои химия ва биология вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети химия Алимов Сироҷиддин, декани факултети биология Рауфов Раҳматулло, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Нуриддин Парвин, мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ Қодирзода Сайвалӣ, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон” Кенҷазод Фаридун, мудири бахши тарбия Алланазаров Шараф ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Давлатшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
05.12.2024 03:23 |
ИШҒОЛИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Донишҷӯи соли 5-уми факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Чутаев Бунёд ғолиби даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" аз рӯи номинатсияи "География" гардид. Ӯ соли сеюм аст, ки дар озмуни мазкур иштирок менамояд ва соли равон бо кӯшишу заҳмати зиёд тавонист, ки пирӯзӣ ба даст орад. Вай аз рӯи номинатсияи “География” ғолиби ҷойи аввал дар соли 2024 ва соҳиби 35000 (сиву панҷ ҳазор) сомонӣ гардид.
|
05.12.2024 03:21 |
ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 Имрӯз дар Ҷумҳурии Туркманистон аз фанни физика олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин олимпиада аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 4 нафар донишҷӯёни факултети физика ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр бо дигар масъулони қисми илм аз рафти иштироки донишҷӯён дар олимпиада дидан намуда, ба онҳо комёбию бурдбориҳо таманно намуд.
|
04.12.2024 04:00 |
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАРОИ "ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ"
Санаи 3-уми декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи "Консепсиюн миллии тарбия", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият "Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ", "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон", нақша-чорабинии донишгоҳ вобаста ба тарбия, ташаккул ва камолоти донишҷӯён, пешгирӣ аз
|
04.12.2024 03:57 |
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР
Дар рӯзи қабул ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо падару модарон ва наздикони донишҷӯёне, ки мунтазам дарсшиканӣ карда, тартботи дохилидонишгоҳиро риоя намекунанду либоси тавсиявии донишҷӯиро намепӯшанд, суҳбат намуд. Аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба тарбия, таълим ва тақдири минбаъдаи фарзандони хеш бетараф набошанд ва дар баробари омӯзгорон онҳо низ аз болои насли ҷавон дар оила корҳои тарбиявӣ ва назоратиро ҷоннок намоянд.
|
04.12.2024 03:51 |
БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ-ОТАШНИШОНӢ
 Имрӯз 03.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади пешгирӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар муассиса дар якҷоягӣ бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои таълимии 5-ошёнаи донишгоҳ барои кормандон ва омӯзгорон машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ баргузор карда шуд.
|
04.12.2024 03:48 |
БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ШАҲРИ ПУАТЙЕИ ФАРОНСА
 Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз Донишгоҳи шаҳри Пуатйеи Ҷумҳурии Фаронса профессорон Лисия Багинӣ ва Эффросинӣ Лампру дар якҷоягӣ бо масъули бахши фарҳанги сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жули-Офре Карю аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ боздид намуданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Р., декани факултети забонҳои романӣ-германӣ, дотсент
|
02.12.2024 08:41 |
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
 Рӯзи 2 декабри соли 2024 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба илм, таълим, тарбия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

|
|
|
|