17.04.2024 03:09 |
ДАРСИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
 Дар дарси имрӯза гуфта шуд, ки маърифати ҳуқуқии корманд ва корфармо ифодаи худро аз ҷумла дар донистани нуқтаҳои асосии қонунгузорӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои субъективии онҳо меёбад.
 |
17.04.2024 03:07 |
ҚАБУЛ: РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ МУРОҶИАТҲОРО БЕ ТАЪХИР БАРРАСӢ МЕКУНАД!
Имрӯз қабули шаҳрвандон аз ҷониби Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ дар ошёнаи якуми бинои асосӣ баргузор гардид.
|
17.04.2024 03:05 |
УРСИ ПАЗАНДАГӢ: ДОНИШҶӮДӮХТАРОН АЗ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ЧУНИН КУРСӢ РОЙГОН МИННАТДОРӢ НАМУДАНД!
 Бо ташаббуси ректори Донишгоҳи далатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ донишҷӯдӯхтарони хобгоҳ дар баробари донишандӯзӣ, инчунин ба омӯзиши курсҳои пазандагӣ, ки дар назди Парки технологӣ таъсис дода шудааст, ройгон ба омӯзиши нозукиҳои пазандагиву кадбонӯӣ машғуланд.
|
16.04.2024 08:47 |
ҲАМОИШИ ХОТИРМОН БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ифтихори зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд. Онро бо сухани ифтитоҳӣ сардони Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Қобилҷон Зикирзода оғоз намуда, сипас олимон ва пажуҳишгарони осори устод Садридлдин Айнӣ роҷеъ ба саҳми ин фарзонафарзанди миллат дар рушди адабиёти навини тоҷик, нақши номбурда дар густариши робитаҳои адабӣ маърузаҳои пурмуҳтаво карданд. Таъкид шуд, ки оѓози фаъолияти илмии Айнӣ аз соли 1912 бо мақолаи илмӣ дар бораи рӯзгор ва осори
|
16.04.2024 06:29 |
ҲАМКОРӢ: ТАШРИФИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ БОШҚИРДИСТОН БА ДОНИШГОҲ
15-уми апрели соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳайати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулаи Федератсияи Руссияро бо роҳбарии ректори ин муассиса С.Т. Сагитов ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.З. Юлбоев ба ҳузур пазируфт.
|
16.04.2024 06:26 |
КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИОНИ ПЕДАГОГӢ
 Бо ташаббуси кафедраи педагогикаи умумӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Омодасозии мутахассиони педагогии навовар” баргузор гардид.
Конференсияро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Зикирзода Ҳ., оғоз бахшида, қайд намуд, ки бисёр олимон ҳамчун усулҳои фаъоли таълим технологияҳои инноватсиониро маънидод мекунанд. Аз ин рӯ, проблемаи усулҳои инноватсионӣ ба қатори яке аз баҳсноктарин проблемаҳо дар методикаи муосири таълим тааллуқ дорад. Дар асарҳои илмӣ муносибатҳои
|
16.04.2024 03:39 |
ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ЯК ҚАТОР СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БАСТА ШУД.
 15-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд форуми дуюми ректорони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ағоз гардид, ки дар ин форум ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода иштирок намуд.
Дар рафти форум як қатор созишнома баста шуд.
|
16.04.2024 03:33 |
ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД!
Имрӯз, 15-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
|
|
|
|