• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз355
mod_vvisit_counterДирӯз885
mod_vvisit_counterДар ҳафта4875
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6406
mod_vvisit_counterМоҳ4875
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28173
mod_vvisit_counterҲамагӣ903677

Online 15
IP шумо: 216.73.216.183
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-06 09:05
12.05.2025 04:05

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
12.05.2025 04:01

ВОХӮРИИ РЕКТОР БО МАГИСТРОН

Имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо магистрони курсҳои якум ва дуюми Донишгоҳ вохурӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳсили онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати самаранок истифода бурдан аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти илмомӯзӣ: аъзо шудан ба китобхонаҳо, навиштани мақолаҳо, ҷиддӣ омода намудани корҳои илмӣ, иштироки фаъол дар дарсҳо, фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва амсоли инҳо дастуру супоришҳо дода шуд.


 
12.05.2025 03:52

 

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ РОССИЯ БА ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Намояндагони Донишкадаи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ ба номи Н.С. Курнаковаи Академияи илмҳои Россия дар ҳайати Ненайденко Валентин Георгиевич – д.и.х., профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, мудири кафедари химияи органикии факултети химия ва Вошкин Андрей Алексеевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия дар доираи ташрифи хеш ба Донишгоҳ аз осорхонаи таърихии муассиса боздид ба амал оварданд.
 
12.05.2025 03:42

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР САМТИ ТАЪСИСИ ШУРОҲОИ МУШТАРАКИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

Имрӯз 06.05.2025 намояндагони Донишкадаи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ ба номи Н.С. Курнаковаи Академияи илмҳои Россия дар ҳайати Ненайденко Валентин Георгиевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, мудири кафедари химияи органикии факултети химия ва Вошкин Андрей Алексеевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро роҳбарияти донишгоҳ, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.х., профессор


 
06.05.2025 05:03

ЯРМАРКА
Имрӯз дар Донишгоҳ ярмаркаи маҳсулоти мевагӣ баргузор гардид, ки дар он ҳосили боғи “Агролабораторӣ” пешниҳод шуд. Дар ярмарка гелоси сурх бо нархи арзону дастрас ва танҳо ба хотири дастгирии омӯзгорону кормандон ба фурӯш бароварда шуд.

 
06.05.2025 04:07

ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ БО ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ШИНОС ГАРДИДАНД

Тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" донишҷӯёни факултети химия ба махзани осори таърихӣ сафарбар гардиданд.
Дар аснои боздид донишҷӯён бо толори дирӯзу имрӯзу фардои кишвар, шуъбаи табиати Тоҷикистон, толори “Тамаддуни тоҷикон”, гӯшаҳои фаъолияти Донишгоҳ то истиқлол ва дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин гӯшаи дастовардҳои Донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

 
06.05.2025 03:33

 

ОМӮЗГОРОНУ КАСБОМӮЗОНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ НОРАК БО ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНА ШИНОС ГАРДИДАНД

 

Имрӯз омӯзгорону касбомӯзони Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Норак ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд.
Ба ин восита, онҳо бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир шинос гардиданд.

 

 

 

 
05.05.2025 09:09

 

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

 

Рӯзи 05.05.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ