12.04.2024 03:16 |
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
 Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии "ИЛМ-ФУРУҒИ МАЪРИФАТ" аз санаи 29.03.2024 то 05.04.2024 баргузор гардид, ки дар озмун зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон аз рӯи 7 номинатсия иштирок намуданд. Аз рӯи хулосаи комиссияи озмуни даври донишгоҳӣ 42 нафар донишҷӯён ва 2 нафар омӯзгорон ба даври ноҳиявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд..
|
12.04.2024 03:12 |

МАШҚИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ ДАР ДОНИШГОҲ БО ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

|
09.04.2024 07:39 |
ДОНИШҶӮДУХТАРОНУ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОҶИКОНА
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан ва баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ пушидани либоси миллӣ дар миёни омӯзгорону донишҷӯён бештар гардидааст.
|
08.04.2024 11:18 |
ҶАЛАСА: НАЗОРАТИ ҶИДДӢ СИФАТИ ТАЪЛИМРО БЕҲТАР МЕГАРДОНАД!
 Ректори донишгоҳ бо иштироки муовинон, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, дар ҷаласа масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон тибқи роҳхат ба мактабҳо, назорати холҳои донишҷӯён, назорати ҷиддии ҳолати дарсшинии омӯзгорон, масъалаи китобхонаи донишгоҳ, назорати барнома ва нақшаву мавзуъҳои талимии омӯзгорон, осорхонаи таърихии донишгоҳро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҷаласа ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд,
|
08.04.2024 11:14 |
ТОЗАНАШР:
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТ
 Дар рисола роҷеъ ба мафҳуми Ваҳдат, паҳлуҳои гуногуни он, азму талошҳои Пешвои муаззами миллат бобати бештар ва амиқтар ба мардум, билхосса ҷавонон фаҳмондани моҳият ва арзишҳои башарии ваҳдати миллӣ маводи муътамад ва арзишманд фароҳам омадааст. Китоб аз силсилаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мураттаб гардида, бобати ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хонанда нақши муҳим мегузорад ва доир ба ба ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ваҳдати миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муътамад медиҳад. Ҳамчунин дар мақолаҳои ҷудогона Паёмҳои Пешвои миллат аз лиҳози хронологӣ ташреҳ гардида, нақши онҳо дар рушди тадриҷии тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол илман асоснок шудаанд.
Китоб барои сиёсатшиносон, муаррихон, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо,
|
05.04.2024 13:12 |
ТОЗАНАШР:
ХИРАДОИНУ МЕҲРОФАРИН
 Мақолаҳои меҳрбори шогирдону ҳамкорони омўзгори собиқадор ва забоншиноси номдор, шахси зиндагиафрўзи баор ва инсони батолеи хушрўзгор Ҳотам Саидов дар китоби «Хирадоину меҳрофарин» гирд омадаанд. Дар қисмати «Шукуфаҳои меҳр» чакомаҳои хомаи олимони номдор ва шогирдони қадрдон сифатҳои неки устодро васф менамоянд. Аз мутолиаи мақолаҳои «Омўзгори варзида, деҳқони асил», «Гавҳари гаронарзиш», «Зи илмаш гул кунад, ҳар ҷо гиле ҳаст» ва «Шукуфти гули меҳр» симои муҳташами ин инсони комил ва омўзгори асил дар зеҳни хонанда падид меояд.
Бахши «Башорати малоҳат» силсилаи мақолаҳои методии устоди мушфиқу меҳрубонро дар худ ѓунҷонида, ки дилбохтагони рози дониш аз онҳо як ҷаҳон дониш мегиранд ва маъниҳои бикр мечинанд.
«Ҷилои лаҳзаҳо» роҳи паймудаи устоди гавронмояро тавассути аксҳои нодир бозтоб додааст.
|
05.04.2024 13:10 |
ВОХӮРӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН
 5-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш-вохӯрии муштарак дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёну омӯзгорон баргузор намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нушервони
|
05.04.2024 13:00 |
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ
Имрӯз дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзуи “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 оғоз шуд. Дар сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023, соли 2024-ро “Соли

|
|
|
|