05.04.2024 12:54 |
ТОЗАНАШР:
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ»
 Бо чунин унвон маҷмуаи мақолаҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби кафедраи Назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба чоп расид.
Маҷмуа аз се қисм иборат буда, дар қисмати аввал, ки «Аксҳо ифшогари рози Наврӯз» ном дорад,силсилааксҳои раванди ширкати Пешвои миллат ва адибону аҳли ҳунару фарҳанг дар чорабиниҳои наврӯзӣ гирд омадаанд.
«Пешвои миллат-Пешвои Наврӯз» ном дорад бахши дуюми китоб, ки саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва густариши доманаи ин ҷашни фархунда дар даврони истиқлол фарогир аст.
Бахши сеюми китоб бо номи «Наврӯз ва масоили дигари он» аз 22 мақолаи гуногунмуҳтавои олимону пажуҳишгарон иборат буда, дар онҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни қадима ва мардумитарини тоҷикон ибрози назар шудааст.
Маҷмуа бобати рушанӣ андохтан ба паҳлуҳои то кунун таҳқиқнашудаи Наврӯзи байналмилал ба хонанда ёрмандӣ мекунад. |
05.04.2024 02:52 |
ДДОТ ба номи С.АЙНӢ - БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!
 Имрӯз, 04.04.2024 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дастовардҳо ва ихтирооту китобҳои тозанашри устодону донишҷӯёни хешро ба намоиш гузоштанд.
Шуруъ аз соати 10:00 хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ба донишгоҳ ташриф оварда, аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуда, ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе аз лабораторияҳои химиявӣ,
|
05.04.2024 02:48 |
НАМОЯНДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНРО НАЗАРРАС БАҲОГУЗОРӢ КАРД!
Дар асоси нақшаи баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии "ИЛМ-ФУРУҒИ МАЪРИФАТ" санаи 03.04.2024 озмуни мазкур дар факултети биология баргузор гардид. Баргузории озмунро намояндаи даври ҷумҳуриявии озмун Маҷидов Одинабой Шарифмуродович дидан намуда, ба кори озмун баҳои баланд дод. Ҳамчунин бо иштироккунандагони озмун дар факултетҳои география, химия ва математика машварат - омӯзиши сайёр баргузор намуда, иштирочиёнро бо тартиби озмун шинос намуд.
|
03.04.2024 12:04 |
ШИРКАТИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАТОРИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОСИЯ
 Аз санаи 3-ум то 5-уми апрели 2024 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Форуми байналмилалии Татористон оид ба энергетика ва самаранокии захираҳои энергетикӣ (ТЭФ-2024) баргузор гардида истодааст. Ин як платформаи бонуфузи касбӣ барои муколамаи созанда, табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии ғояҳои нав, технологияҳои ояндадор ва лоиҳаҳо дар соҳаи самаранокии энергия ва захираҳои он, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҷалби сармоягузориҳои мақсаднок, намоиши дастовардҳои илмӣ, коркардҳои нав, таҳкими муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва
|
03.04.2024 06:24 |
УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ҲАЙАТИ ДОВАРОНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ БА НОМИ М. ЛОМОНОСОВ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 2.04.20214 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар Душанбе давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Сараввал муовини Директори иҷроияи донишгоҳи мазкур Диноршоев Азиз Мусо ҳадаф ва моҳияти озмуни мазкурро тавзеҳ дода иброз дошт, ки он бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафаш дарёфти падидаҳои тоза ва чеҳраҳои нави китобхон, донандагони осори ниёгон ва муосир, суханварони боистеъдод ва хонандагони забондон аст. Тавассути он озмун ҳамасола даҳҳо хонандагони фаъолу зирак ва дорои истеъдодҳои фавқуллодда кашф гардида бо мукофатҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин тадбир барои раҳнамун кардани
|
03.04.2024 03:21 |
ДОВТАЛАБОНИ АЗИЗ: ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БЕҲТАРИН МУАССИСА БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қабули довталабонро дар соли ҷорӣ аз рӯи 89 ихтисос дар 14 факулта ва 63 кафедраҳои тахассусиву умумидонишгоҳӣ роҳандозӣ менамояд.
Донишгоҳ дорои биноҳои таълимии замонавӣ, синфхонаҳояш муҷҷаҳҳаз бо лавозимоти дарсии муосир барои донишҷӯён буда, ин шароити созгор ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки дар асоси шартномаҳои Донишгоҳи мо бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсилро дар хориҷа идома диҳад.
Ҳамзамон дар баробари таҳсил дар донишгоҳ довталабон метавонанд дар
|
03.04.2024 03:02 |
ДДОТ:АЗ ҶАРАЁНИ КУРСИ ОМӮЗИШИ ДӮЗАНДАГИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС!
 Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба шуғл ҷалб намудани донишҷӯдухтарону ҳамзамон дӯстдорони санъати дузандагӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ курси омӯзиши дӯзандагиро барои донишҷӯдухтарони донишгоҳ, аз санаи 1-уми марти соли 2024 оғоз намуд.
Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳои дӯзандагӣ бо истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамони дарздӯзӣ бо усулҳои миллӣ ва аврупоӣ дар назди синфхонаи дӯзандагии ихтисоси маҳсулоти дузандагии факултети технология ба роҳ монда шуда, баъди хатми курси мазкур хатмкунандагон бо сертификат
|
01.04.2024 12:26 |
БАРРАСИИ ЯКҚАТОР МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
 Ректори донишгоҳ бо иштироки муовинон, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, дар ҷаласа масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон, инчунин назорати донишҷӯёни ғоибона, назорати холҳои донишҷӯён, масъалаи китобхонаи донишгоҳ, назорати барнома ва нақшаву мавзуъҳои талимии омӯзгорон ва дастгирии донишҷӯёни донишмандро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|
|
|