|
30.04.2025 12:44 |
|
ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГАРДИД
Озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе яке аз озмунҳое мебошад, ки ҳамасола баргузор мегардад. Соли ҷорӣ дар ин озмун донишҷӯи курси 5-и факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҳузуриддин Зиёев фаъолона иштирок намуда, гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе миёни донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025 гардид.
|
|
30.04.2025 12:38 |
|
ИШҒОЛИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАГИСТРАНТИ СОЛ"
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрел соли равон миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур магистранти соли аввали ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ниёзов Дилшод фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Рӯзи 25 апрели соли 2025 дар ҷамъбасти "Рӯзи илми тоҷик" Ниёзов Дилшод аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.

|
|
30.04.2025 12:32 |
|
ҚАДРДОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки имсол аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳти унвони “Моликияти зеҳнӣ ва мусиқӣ. Назми моликияти зеҳниро эҳсос намо!” таҷлил мегардад, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
|
|
30.04.2025 12:22 |
|
КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ «МУАММОҲОИ МУОСИРИ МАТЕМАТИКА ВА ТАЪЛИМИ ОН»
Имрӯз, 26-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика ва информатика конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ дар мавзуи «Муаммоҳои муосири математика ва таълими он» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) баргузор гардид.
|
|
30.04.2025 12:12 |
|
ШАНБЕГӢ ДАР БОҒИ АГРОБИОЛАБОРАТОРӢ
Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба таври ҳамешагӣ дар иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист фаъолона ширкат менамоянд. Дар ин доира имрӯз дар ҳудуди Боғи "Агробиолабораторӣ"-и Донишгоҳ дар дараи Ромит шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳ атрофи биною дарахтони боғро аз партовҳои гуногун ва алафҳои худрӯй тоза ва гирди дарахтонро нарм намуданд. Чунин иқдом метавонад дар тоза ва ободу зебо намудани як гӯшаи Ватан мусоидат намояд.

|
|
30.04.2025 12:03 |
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.
|
|
30.04.2025 11:57 |
|
ТАСДИҚИ РИСОЛАИ ИЛМӢ
Имрӯз аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ва забонҳои Шарқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Бобоҷонова Мунира тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони номзади илмҳои педагогӣ мушарраф шуд.
Аҳли раёсати Донишгоҳ мавсуфро самимона муборакбод намуда, барояш фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно дорад.
|
|
30.04.2025 11:48 |
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: “ТӮРОН – ВАТАНИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН”
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи зарурии кормандон ва омӯзгорон бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода минбаъд дар Донишгоҳ хонишҳои сиёсӣ дар мавзуъҳои гуногуни муҳиму зарурӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар ин доира, имрӯз дар Донишгоҳ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ Маҳмудов Давлатшо баромад намуд. Мавсуф дар мавзуи “Тӯрон – Ватани таърихии тоҷикон” муфассал маърӯза намуда, зарурат ва муҳиммияти онро ба саҳми аҳли толор, махсусан омӯзгорон баён кард. Пас аз ин низ хонишҳои сиёсӣ идома ёфта, ҳар ҳафта як маротиба бо фаро гирифтани кормандону омӯзгорон ташкил ва гузаронида мешаванд.

|
|
|
|
|