23.04.2024 04:57 |
ҶАЛАСА: БАҲРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БО МАСЪУЛИЯТ БОЯД ТАЛОШ КАРД!
 Ректори донишгоҳ бо иштироки муовинон, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, дар ҷаласа масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон тибқи роҳхат ба мактабҳо, назорати холҳои донишҷӯён, назорати ҷиддии ҳолати дарсшинии омӯзгорон, масъалаи китобхонаи донишгоҳ, назорати барнома ва нақшаву мавзуъҳои талимии омӯзгорон, осорхонаи таърихии донишгоҳ ва таъсиси маркази айнишиноиро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
22.04.2024 02:46 |
ДДОТ:БОЗДИДИ КАСБОМӮЗОНИ МАРКАЗИ КАСБРМӮЗӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ВА СИНФХОНАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ, ОСОРХОНАҲОИ ДОНИШГОҲ
|
22.04.2024 02:43 |
БОЗ ДОНИШГОҲ ДАР МАҚОМИ НАМОЁН: 1 ҶОЙИ 6-УМУ 3 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР НИММАРАФОНИ XIV БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 Субҳи имрӯз, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, фаъолона ширкат намуда 4 нафар донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла:
Боронова Маҳина, донишҷӯи курси якуми факултети физика сазовори ҷойи 6-ум ва Хоҷаев Ислом, донишҷӯи курси 1-уми факултети забон ва адабиёти рус, Шодиев Сипар, донишҷӯи курси 1-уми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ва Ояҳмадзода Оятулло, донишҷӯи курси 1-уми факултети
|
22.04.2024 02:41 |
РӮЗИ ҚАБУЛ: МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ТАРТИБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАД!
 Имрӯз қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишгоҳ дар дохили бинои асосии донишгоҳ баргузор гардида, арзу шикоятҳо ва мушкилоту масъалаҳои муроҷиаткунандагон аз ҷониби ректори донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ пас аз шунидани муроҷиатҳо ба масъулини сохторҳои марбут ба муроҷиати шаҳрвандон барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда дар доираи тартиботи қонунгузорӣ супоришҳои мушаххас дод.
 |
22.04.2024 02:39 |
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
 Тибқ нақшаи баргузории вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллии ҷавонон», ки санаи 8 апрели соли 2024 аз тарафи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А. И., тасдиқ шудааст, рӯзи 19 апрели соли равон дар факултети забон ва дадбиёти рус, вохӯрии мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Д. Маҳмудов бо омӯзгорону донишҷӯёни факултет, баргузор гардид. Нахуст бо сухани муқаддимавӣ декани факултет, дотсент Қувватзода Саломат кори чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба Д. Маҳмудов дод.
|
20.04.2024 07:27 |
ДДОТ: ИШТИРОКИ РАЁСАТ ДОНИШГОҲ БО ТЕЪДОДИ 700 НАФАР ДАР НИММАРАФОНИ XIV БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 Субҳи имрӯз, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Нммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, бо теъдоди зиёда аз 700 нафар фаъолона ширкат намуда истодаанд.
|
19.04.2024 12:12 |
БОЗ ДДОТ ДАР МАҚОМИ ИФТИХОРӢ: ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ II НАСИБИ КОРМАНДИ РАЁСАТИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ ГАРДИД
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ”, ки ҳамасола 18-уми апрел таҷлил карда мешавад, озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола дар мавзуи “Ҳифзи мероси таърихӣ – вазифаи ҳар яки мост!” миёни шаҳрвандони касбу кори гуногун эълон гардида буд. Рӯзи 18.04.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи роҳбарону намояндагони осорхонаҳо
|
19.04.2024 12:08 |
КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ
 19-уми апрели соли равон зери роҳбарии Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни хориҷии шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ доир гардид.
Дар ибтидо Қурбонзода Р. доир ба будубоши донишҷӯён дар кишвар ва алалхусус дар донишгоҳ суханронӣ намуда ҳамчунин оид ба риояи талаботи дохилии донишгоҳ суҳбат намуданд.
Зимнан, сарпарастони соҳавӣ аз ҳолу аҳвол, шароитҳои зист, рафти дасрҳо
|
|
|
|