• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз532
mod_vvisit_counterДирӯз885
mod_vvisit_counterДар ҳафта5052
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6406
mod_vvisit_counterМоҳ5052
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28173
mod_vvisit_counterҲамагӣ903854

Online 18
IP шумо: 216.73.216.183
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-02-06 12:31
11.04.2025 10:28

ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода аз 8.04.2025 то 12.04.2025 даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 250 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 наминатсия иштирок намуда, 48 нафари онҳо ба даври минбаъда пешниҳод мегарданд.

 
11.04.2025 10:17

СЕРТИФИКАТИ “РАДДАБАНДИИ ДОНИШГОҲҲО” РАСМАН БА РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ СУПОРИДА ШУД

Имрӯз дар Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муҳтарам вазир Саидзода Раҳим Ҳамро ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода расман ва тантанавор Сертификати “Раддабандӣ” супорида шуд.
Ёддовар мешавем, ки Муассисаи “Радабандии муассисаҳои олӣ” (HE Higher Education Ranking)-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC”, ки қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Туркия мебошад, пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои мухталифи фаъолияти 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон “Радабандии муассисаҳои олӣ”-и ҷаҳонро дар соли 2025 интишор намуд
.

 
11.04.2025 09:58

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ҲХДТ АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Намояндагони ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуда, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон ва фаъолияту дастовардҳои нахустмактаби олии кишвар аз наздик шинос гардиданд.

 
11.04.2025 06:21

 

ШИНОСОИИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ БОЗОМӮЗИИ ҲХДТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”-и ДОНИШГОҲ

 

Бо мақсади пайдо намудани шиносоӣ аз фаъолият ва шароиту имкониятҳои кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, иштирокчиёни курси бозомӯзии масъулини бахшҳои таблиғот ва иттилооти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба чор ноҳияҳои пойтахт сафарбар гардиданд.
Дар доираи ин ташаббус гуруҳе аз шунавандагон ба Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
 
09.04.2025 09:47

 

ШОМИ ФАРҲАНГӢ

 

Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён аз ҷониби ансамбли “Чеҳрнамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гардид.

 

 

 
09.04.2025 09:43

ВОХӮРӢ БО МАГИСТРОН ВА ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PHD)-И ХАТМКУНАНДА

Имрӯз бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин, сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Ахиева Саодат бо магистрон ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD)-и хатмкунанда вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни он вазъи корҳои илмии магистрони кури 2 ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD)-и соли 3-и хатмкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо тавсияҳои муфид дода шуд.

 

 
09.04.2025 09:38

 

ГУЛДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА
Баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии кишвар дар асоси банди 22 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2019 инҷониб дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” гузаронида мешаванд.
Ҳадафи асосии ин озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани
 
09.04.2025 09:24

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ