15.12.2022 02:38 |
БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯ БАРОИ УНВОНҶӮЁН
Мутобиқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин оғоз аз таърихи 14 декабр то 21 декабри соли 2022 барои унвонҷӯёни солҳои 2018-2022, докторантон аз рӯйи ихтисос тавассути ҳайати корӣ аттестатсияи донишгоҳӣ баргузор шуда истодааст. Дар ҷаласае, ки имрӯз баргузор гардид, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д. Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷобир, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласаи мазкур ҳисоботи фаъолияти илмии унвонҷӯёни соли аввал шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
14.12.2022 08:04 |
ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН...
Ба диққати ҳама донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки дар Донишгоҳ маҳфили “Ровиёни ҷавон” ташкил гардид. Ҳадаф аз ташкил намудани ин маҳфил ҷалб намудани донишҷӯён ба суханварӣ ва ба тарзи ифоданоку таъсирбахш қироат намудани шеъру сухан, инчунин ҷалб намудани донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ мебошад.
Агар шумо ба суханварӣ ва наттоқӣ майлу рағбат доред ва инчунин мехоҳед маҳорати баланди шеърхонӣ ва суханварӣ пайдо кунед, пас ин маҳфил шуморо ба мақсад мерасонад. Мо кӯшиш менамоем бо тамоми ровиён ва ҳунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ намоем, то онҳо тавассути ин маҳфил дар сайқал ёфтани истеъдоди шумо мусоидат намоянд.
|
14.12.2022 07:52 |
МАҚОМИ ТОЗАИ ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОН
Имрӯз мужда расид, ки дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба гирифтани ҷойи якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонписарони соли таваллудашон 2003 ва хурд аз он, инчунин дипломи Федератсияи волейболи Тоҷикистон мушарраф шуданд. Лозим ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар миёни муассисаҳои олии кишвар баргузор гардида, натиҷаи донишгоҳи омӯзгорӣ аз натиҷаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад. Устоди кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Изатов А.Б., ки дар ин самт донишҷӯёнро омода месозад, изҳор дошт, ки умед аст донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сабқат хоҳанд намуд.
|
11.12.2022 05:39 |
САҲМИ УСТОДОН ДАР НАЗОФАТИ ПОЙТАХТ
Дар таърихи 11-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати тозакориҳо дар саҳни Донишгоҳ ва атрофи он ва бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити атроф бо ташаббуси як гурӯҳ устодону кормандон шанбегӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъулини раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва устодону донишҷӯёни факултети химия иштирок намуда, саҳми хешро дар назофати як гӯшаи пойтахти Ватани маҳбуб – шаҳри Душанбе гузоштанд.
|
11.12.2022 05:26 |
ШАРҲИ ТАСВИРҲОИ РАМЗ
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Шуро, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода анҷом пазируфт, рамз (логотип) - и нави донишгоҳ аз ҷониби аъзои Шурои олимон якдилона қабул гардид. Аз ин ҷониб ҳама бахшу сохторҳои донишгоҳ низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи асноди марбут ба донишгоҳро тавассути рамз (логотип) - и нави донишгоҳ ба роҳ хоҳанд монд.
Дар ҳамин замина зарур донистам тасвирҳоеро, ки дар рамзи нав акс ёфтаанд, тавзеҳ намуда, ба ҳаволаи дӯстон гузорам. Лутфан, хоҳиш мекунам, агар дар ин зимн мехоҳед андешаи худро баён кунед, шарҳи хешро дар зер сабт намоед. Инак:
Китоб рамзи маърифати олам аст, бинобар ин доираи тафсири он то ҳадди имкон хеле васеъ аст. Китоб инчунин ҳамеша, аз замони ибтидо то дарки амиқи асрори олам, рамзи дониш аст. Аз ин рӯ, таҳти рамзи китоб кашфи илму донишро, ки манбаи манбаи иттилоот ҳам ҳаст, дарк кунем.
|
10.12.2022 06:31 |
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ–ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм–падидаҳои номатлуби ҷомеа” чорабинии илмӣ баргузор карда шуд. Дар чорабини декани факултет Мирзораҳимов А., сармутахасиси шуъбаи тарбия Ҳасанов Ҳ., муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Амиров Т., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Имомов С. ва як қатор устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро декани факултет Мирзораҳимов А. ифтитоҳ намуда, дар раванди суханронии хеш зикр намуд, ки дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI башарият ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.
|
10.12.2022 05:46 |
НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ КУРС – ТРЕНИНГ
Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дар доираи ҳамкориҳои судманд Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳ даври сеюми курс тренингро барои донишҷӯёни курси 4 – уми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо истифода аз методҳои муосири таълими забони англисӣ, ки бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” давоми панҷ рӯз дар ҳаҷми 24 соат пешбинӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд. Бояд қайд намуд, ки дар рафти баргузории даври сеюми курс – тренинг 18 нафар ба қайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо, ки талаботи нақшаи пешбинигардидаро аз худ намуданд, соҳиби сертификат гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М., ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н., менеҷери барнома Мирзовафоева Г., иштирок намуданд.
|
10.12.2022 04:26 |
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
Дар таърихи 9-уми бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар факултети забонҳои рмоанӣ-германӣ мизи мудаввар таҳти унвони "Нақш ва саҳми устодон дар татбиқи "Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023" баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодон ва кормандони факултет иштирок намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ маърӯза карданд. Зикр карда шуд, ки ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дорад, вале то ба имрӯз коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мондааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
|
|