30.11.2022 02:34 |
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТИ USAID ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”!
28-уми ноябри соли 2022 ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо директори бахши маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереса Миллер ва роҳбари бахши қарордодҳои ин ташкилот Мавҷуда Набиева мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Зимни мулоқот ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки раёсати донишгоҳ масъалаи бозомӯзӣ ва фаро гирифтани устодонро ба семинару тренингҳо дар мувофиқа бо намояндагони USAID ба роҳ хоҳад монд.
|
30.11.2022 02:30 |
БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ ПЕДАГОГӢ- ПСИХОЛОГИИ КӮДАКОН ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ
Имрӯз, дар таърихи 29 ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети педагогика ва кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷанбаҳои педагогӣ-психологии тарбияи кӯдакон” конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Кори конфронси мазкур тибқи нақша бо барномаи асосӣ ва барномаҳои иловагӣ дар ду бахш сурат гирифт. Тибқи барномаи асосӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А.И. хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин зарурати баргузор кардани чунин конфренсияро дар замони ҷаҳонишавӣ бамаврид арзёбӣ намуд. Сипас доктори илмҳои педагогӣ, профессор Каримова И. Х. дар мавзуи “Развитие дошкольного образования в Республике Таджикистан: проблемы и поиск решения” маърузаи хешро ироа карда, зикр кард, ки дар ин ҷанба камбудиҳо зиёданд ва пайи ислоҳи онҳо кушиш бояд кард. Дар навбати хеш мудири кафедраи дар боло зикршуда Кенҷаева З.Х. дар мавзуи “Пешвои миллат ва муқаддасоти миллӣ дар ашъори Низом Қосим” нозукиҳои муҳтавои мавзуи мадди назаро ба самъи ҳозирин баён кард.
|
30.11.2022 02:29 |
ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ИЛМӢ
Дар таърихи 29-уми ноябри соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Муовини декан оид ба корҳои илмӣ Ҷурақулов Б. ҳисоботи солонаи бахши илми факултетро ироа намуда, оиди дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни факултет маълумоти муфассал пешниҳод кард. Сипас, ҳисобот аз тарафи ҳайати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
29.11.2022 08:14 |
ТАШКИЛУ БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМЎЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури ректори Донишгоҳ , профессор Ибодуллозода А.И. оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин дастури Вазири маориф (ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.07.2022) бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе курсҳои равияи педагогика, психология ва фанҳои дақиқро оғоз намуд.
|
29.11.2022 08:06 |
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ КУРС – ТРЕНИНГ
Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши бандҳои дахлдори “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” такмили маҳорату малакаи касбии омўзгорони фанни забони англисӣ ва сайқал додани раванди таълиму омўзишу забони англисӣ ва дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” даври дуюми курс - тренингро барои омўзгорони фанни забони англисӣ дар донишгоҳ оғоз намуд.
Баргузории тренинги мазкур дар факултети филологияи тољик бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., менеҷери барнома Мирзовафоева Г. ва 10 нафар омўзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ баргузор гардид.
|
29.11.2022 03:02 |
РЕКТОР: ДАР ФАКУЛТЕТҲО ГУРУҲҲОИ РУСӢ ТАЪСИС ДОДА ШАВАД!
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз зимни ҷаласаи корӣ деканони факултетҳоро вазифадор намуд, ки дар назди факултетҳо гуруҳҳои таълимашон ба забони русӣ таъсис дода шавад. Ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Дар ин замина таъсиси гуруҳҳои таълимашон ба забони русӣ дар факултетҳо аз татбиқи сиёсати ҳукумати кишвар дарак медиҳад.
|
29.11.2022 02:52 |
ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
Дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултет забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар гурӯҳи 110, ихтисоси забони муосири олмонӣ-тарҷумон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор карда шуд. Дар дарси кушод декани факултет Қувватова С.М., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири бахши кор бо занону бонувон Далатзода М., мутахасиси шуъбаи тарбия Исломзода Ф., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. ва як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. Дарсро Мадиева У., сарпарасти гурӯҳ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан донишҷӯён барномаи омода намудаи худро, ки аз маърӯза, сурудхонӣ ва саҳначаи тарбиявӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
|
29.11.2022 02:45 |
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ
Тибқи ҷадвал дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи солонаи илмии факултет шунида шуд. Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет профессор А. Ҳусайнов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро муаррифӣ кард. Сипас, муовини декан оид ба корҳои илм н.и.т., дотсент А. Умаров ҳисоботи солонаро ироа карда, дар бораи бурду бохти факултет дар бахши маълумоти муфассал дод. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. доир ба камбудиҳои ҷойдошта эродҳои хешро ба садорати факултет расонда, барои ислоҳи онҳо маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин, сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири бахши табъу нашр Ҷ. Мардонзода ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия З. Мусомирова вобаста ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо изҳори андеша намуданд.
|
|