• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз187
mod_vvisit_counterДирӯз862
mod_vvisit_counterДар ҳафта5281
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterМоҳ7284
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта31543
mod_vvisit_counterҲамагӣ990697

Online 18
IP шумо: 216.73.216.128
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-05-09 06:13
23.06.2025 05:20

ДОНИШГОҲ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶОЙИ 2-ЮМРО САЗОВОР ГАРДИД
Имрӯз бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар шаҳри Левакант маросими ҷоизасупории ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур, ки рӯзҳои 16-17 май баргузор гардид, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои зерин гардиданд:
1. Неъматзода Шаҳбоз – донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва ҳуқуқ, аз фанни таърих ҷои 1-ум;
2. Уралов Ойбек – донишҷӯи курси 4-уми факултети биология, аз фанни биология ҷои 1-ум;
 
20.06.2025 09:24

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ: “МУАММОҲОИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, МОЛИЯ ВА ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ”
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025-2030)» ва фаъолияти имлӣ-омӯзгории профессор Насимов А.А. дар мавзуи “Муаммоҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, молия ва идоракунии соҳаи маориф дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронс муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром, д.и.и., профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ
 
20.06.2025 09:14

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗИИ ДАСТАҶАМЪОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш субҳи имрӯз машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъона дар майдони боғи Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.

 
20.06.2025 08:55

 

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ: “ОИЛА – САРЧАШМАИ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМ, ЯКДИЛӢ ВА ДИЛБАСТАГИСТ”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила дар мавзуи “Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
20.06.2025 07:04
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ ЮНИСЕФ

Рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ бо дархости ҷониби ЮНИСЕФ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона Қурбон бо намояндаи ин созмон Партино Рубал вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни он, вобаста ба масоили вазъи омӯзиши забони англисӣ, мушкилиҳои дар раванди омӯзиш ҷойдошта, муҳимияти омӯхтани забони англисӣ дар ҷомеа, такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ, муносибати ҷавонон ба касби омӯзгорӣ, инчунин зарурияти бознигарии усулҳои омӯзиши забони англисӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

 
20.05.2025 11:21

 

ДАВРИ НИҲОИИ ДАЪВАТИ 24-УМИН ОЗМУНИ ҶАҲОНИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз (15.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии даъвати 24-умин озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” дар соли 2025 миёни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Мушовири масъалаҳои давлатии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, ҷонишини раиси ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳимҷон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии
 
20.05.2025 11:11

ТАДБИҚИ БАРНОМАИ САФАРБАРКУНИИ АКАДЕМИКӢ

Дар асоси Созишномаи ҳамкории дуҷониба рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ 4 нафар омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии шаҳри Тошкент ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Дар чаҳорчӯби барномаи сафарбаркунии академикӣ профессор Шарипова Гузал Содиқовна, досент Ризаева Ҳусния Убайевна ва омӯзгорон Рамозонова Баҳорой Садриддиновна ва Зарифова Забаржатхон Мухаммаджановна то рӯзи 17-уми май барои донишҷӯёни Донишгоҳ мастер классҳо мегузаронанд.

 
20.05.2025 11:01

ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД

Имрӯз донишҷӯёни факултети физика тибқи нақша-чорабинӣ ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд.
Ба воситаи экскурсия аз ҷониби шахси масъул ба донишҷӯён дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир муаррифӣ карда шуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ