15.11.2022 11:08 |
НАМУНАИ ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ
Имрӯз, дар таърихи 15 ноябри соли 2022 тавассути мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (фаронсавӣ ва олмонӣ)-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент Куҷов Раҳматулло Мақсадович дар мавзуи “Дараҷаҳои сифат дар забони олмонӣ” дар гурӯҳи 108-и ихтисоси забони олмонӣ дарси кушоди намунавӣ баргузор шуд. Лозим ба зикр аст, ки тайёр кардани омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот ҳадафи асосии мактабҳои олии педагогӣ ба шумор меравад. Донишҷўёни имрўза, ки дар оянда аз ин ё он ихтисос омўзгор мешаванд, натанҳо фаъолияти касбии худро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими фанни тахассусиро дар мактаб ҳамаҷониба омўзанд, то ки дар раванди таълиму тарбияи хонандагон онро амалӣ гардонида тавонанд.
|
15.11.2022 07:48 |
ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ ҶИҲАТИ ТАКМИЛИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСИВУ АНГЛИСӢ
Бо ташаббуси ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудан ва сайқал додани раванди таълиму омўзиши забони англисӣ ва ҷиҳати иҷроиши “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” курс-тренинг барои омўзгорони фанни забони англисӣ дар Донишгоҳ оғоз гардид. Даври аввали тренинги мазкур дар факултети филологияи тољик бо иштироки муовини ректор оид ба корњои илмӣ, профессор Сангинов Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н., менеҷери барнома Мирзовафоева Г. ва 10 нафар омўзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ баргузор гардид.
|
15.11.2022 07:45 |
ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, 14-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети педагогика ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Президенти сулҳофар ва бахтовар” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, Изатулло Маҳмудзода, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, муовинони ректор ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
|
11.11.2022 10:52 |
ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ
Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар факултетҳои донишгоҳ аз рӯйи ҳама ихтисосҳои мавҷуда олимпиадаҳои фаннӣ баргузор шуда истодаанд. Дар ин ҷода кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ сабқат нишон дода, дар таърихи 11 ноябри соли 2022 аз ҷумлаи нахустинҳо дар байни донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ олимпиадаи фанни ҳуқуқро баргузор намуд. Дар ҷараёни баргузории олимпиада муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ширкат намуда, иҷроиши дастури ректори донишгоҳро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
|
11.11.2022 06:48 |
МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ШИНОХТИ “ТОҶИКОН”
Дар таърихи 11 ноябри соли 2022 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомади навбатии худро дар мавзӯи «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров - оинаи таърихи миллат» баргузор намуд, ки дар он декани факултети таърих ва ҳуқуқ, д.и.т., профессор Ҳусайнов А, муовини декан оид ба илм, н.и.т. дотсент Умаров А, мудири кафедраи мазкур, н.и.т., дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
|
10.11.2022 12:23 |
ЛОИҲАҲОИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД
Дар идомаи сафари хеш ба Ҷумҳурии Беларус муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Худойдодзода Фаррух Бегиҷон дар таърихи 8-уми ноябри соли 2022 ба Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала ташриф овард. Намояндаи донишгоҳи моро ректори донишгоҳи зикршуда хонум Китурко Ирина Фёдоровна пазироӣ намуда, аз лутфу марҳамати роҳбарияти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, хусусан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода изҳори сипос намуд. Сипас бо аъзои раёсати ин донишгоҳ масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ намуда, дар зимни мулоқот масъалаҳои табодули донишҷўёну омўзгорон, такмили ихтисос ва коромўзии устодон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин баробар ҷониби Донишгоҳи давлатии Гродно ҷиҳати аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намудани лоиҳаҳои илмии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ омодагии хешро иброз намуданд.
|
10.11.2022 12:07 |
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
10-уми ноябри соли равон дар факултети педагогика бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Шурои кураторон Сатторов Н., раиси Шурои занон Давлатзода М., раиси собиқадорон Қосимова Р., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Алланазаров Ш. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Давлатзода Фаридун ҳусни оғоз бахшида, перомуни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва нақши он дар бунёди давлати навини тоҷикон сухан ронд.
|
10.11.2022 11:34 |
ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ИҶЛОСИЯ
Имрӯз, дар таърихи 10 ноябри соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур садорати факултет, як зумра устодон ва донишҷӯён, ҳамчунин намояндагони дигар сохторҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Чорабиниро декани факултет, н.и.ф. Исломова Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки муҳимтарин масъалаи Иҷлосия ин интихоби як роҳбари сиёсӣ буд, ки дар таърихи 19 ноябри соли 1992 номзадии депутати халқӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 вакил 186 нафари онҳо ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи (ҳамонвақтаи) Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд.
|
|