• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз678
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ҳафта5412
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5482
mod_vvisit_counterМоҳ14497
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта22635
mod_vvisit_counterҲамагӣ655470

Online 15
IP шумо: 13.58.29.69
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-04-19 21:18
13.11.2023 06:29

 

ВИКТОРИНАИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШҶӮЁН
Возможно, это изображение 6 человек, помост, Овальный кабинет и текстШоми 8-юми ноябри соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон чорабинии иттилоотӣ–фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар миёни дастаҳои хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавбон" баргузор гардид.
 
13.11.2023 03:18
ИҶЛОСИЯИ XVI - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПАДИДАИ НАҶОТБАХШ ВА САРНАВИШТСОЗ
Халқи тоҷик дар раванди таърихи ниҳоят тӯлонии хеш ба бисъёр фоҷиаҳои қисматшикану падидаҳои тақдирсоз рӯ ба рӯ гашта, заҳри бедавлатию шаҳди соҳибдавлатиро чашидааст. Вале дар ҳама ҳолат тавонистааст, ки рисолати тамаддунофари худро нигоҳ доштаву сайқал диҳад. Донистани таърих ва роҳҳои тайкардаи ниёгон барои ҳар як фарди тоҷик зарур ва мояи ифтихор мебошад.
Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печу пуршебу фароз будааст. Тоҷик дар
 
10.11.2023 04:06

 

ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМА БА ШАҲРВАНДОНИ ПОКИСТОН
Возможно, это изображение 2 человека, люди улыбаются, помост и текстИмрӯз пеш аз оғози ҷаласаи навбатии Шурои олимон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки курси 2 солаи омӯзиши забони тоҷикиро бомуваффақият хатм намуданд, шаҳодатномаи курси мазкурро тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба курси омӯзиши забони тоҷикӣ шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Ҳиндустон таваҷҷуҳи бештар дошта, айни замон шунавандагон аз кишварҳои зикршуда ба таҳсил фарогир мебошанд.

 

 
10.11.2023 04:03

 

ОМӮЗГОРОН МАШҒУЛИЯТҲОРО БО ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ИҶРО МЕНАМОЯНД
Возможно, это изображение 8 человекШоми имрӯз, 9-уми ноябри соли ҷорӣ чун ҳамешагӣ дар толори варзишии донишгоҳ тамринҳои машғулиятҳои дарси ҳарбӣ бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ, деканону мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорон ба машғулиятҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси худшиносиву дарки рисолати ватандорӣ иҷро менамоянд.

 

 
10.11.2023 03:58

 

РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ВАЗЪИ ТАЪЛИФИ КИТОБҲОИ ДАРСИРО ДАР ШУРОИ ОЛИМОН БАРРАСӢ НАМУД
Возможно, это изображение 13 человек9-уми ноябри соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Шурои олимон А. Ибодуллозода ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, як қатор масъалаҳои асосӣ, ташкилӣ ва ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои дар рӯзномаи Шуро дарҷгардида, ки фарогири масъалаҳои муҳимми раванди таълиму тарбият ва илмиву методӣ буданд, аз ҷониби масъулин гузоришҳои мушаххас ироа гардид.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ вазъи таълифи китобҳои таълимӣ аз баъзе фанҳои тахассусиро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

 
08.11.2023 03:04

 

ЯК РӮЗИ ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ" ДАР САҲРО
Возможно, это изображение 8 человек5-уми ноябри соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён шанбегӣ таҳти унвони "Ҳама ба пахтачинӣ" баргузор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳти ҳамин шиор баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷамъоварии ҳосили пахта ва дар саҳро намондани он кормандону омӯзгорон ба пахтачинӣ баромада, дар ҷамъоварии тиллои сафед саҳми худро гузоштанд.

 

 
06.11.2023 10:00

 

ХУСУСИЯТҲОИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРДӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостейИмрӯз Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ,
 
04.11.2023 05:08

 

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН БА ИМЗО РАСИД
Возможно, это изображение 3 человека и текст «таджикским международном университетом иностранных языков имени сотима улугзода PT и синьцзянским педагогическим университетом KHP государственнь педагогическим университетом садриддина синьцзянск педагогиче университе»2-юми ноябри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин (НМСӮ) иштирок намуда.
Дар форуми мазкур байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ