• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
28.10.2022 02:57


БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ДАСТАҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ то оғози соли таҳсили ҷорӣ танҳо як гурӯҳи олимпӣ аз рӯйи фанни забони англисӣ амал мекард. Соли ҷорӣ бо ташаббуси ректори донишгоҳ муҳтарам Ибодуллозода А.И. шумораи дастаҳои олимпӣ ба се адад расонида шуда, имрӯз дар факултет се дастаи олимпӣ аз рӯйи фанҳои забони англисӣ, забони хитоӣ ва забони кореягӣ омодагӣ мебинанд. Дар дастаҳои олимпӣ донишҷӯён ҷиҳати иштирок намудан дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки машғулиятҳои дастаҳои олимпии факултет ҳафтае се маротиба баргузор гардида, омӯзгорони ҳам соҳибзабон ва ҳам ватанӣ машғулиятҳоро мегузаронанд.
Дар таърихи 27.10.2022 машғулияти дастаи олимпии факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ аз фанни забони англисӣ бо роҳбарии омӯзгори соҳибзабон хонум Айлин Ҷиаманко баргузор гардид. Дар машғулият аъзои дастаи олимпӣ ва муовини декан оид ба илми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Мирато Комилов ширкат намуданд.

 
28.10.2022 02:52
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
Тибқи Нақшаи кории Шӯрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 27 октябри соли 2022 ҷаласаи навбатӣ барпо гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт:
1. Ҳолати иҷроиши лоиҳаҳои фармоишӣ, грант ва бурсия дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо / Гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар
 
27.10.2022 06:44

ИШТИРОКИ МУОВИНИ РЕКТОР ДАР СИМПОЗИУМИ МИНТАҚАВӢ

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси  дафтари ЮНЕСКО  ва барномаи омӯзишии Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ  бо вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои Осиёи Миёна марбут ба роҳандозии барномаҳои табодули иттилоот, беҳтар сохтани натиҷаҳои таҳсилот, баланд бардоштани сифати фаъолият ва имкониятҳои омӯзгорон  зери унвони «Омӯзгори соҳибкасб-миллати соҳибмаърифат» симпозиуми минтақавӣ баргузор мегардад.  Ба ҳайси яке аз намояндагони кишвари мо дар кори симпозиуми мазкур  муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  оид ба корҳои таълим Айнуллозода Наҳтуло  ширкат меварзанд.

 
26.10.2022 11:40

РОҲҲОИ НАВИШТАНИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ФАРМОИШӢ ОСОНТАР МЕШАВАНД

Имрўз, дар толори фарҳангии Донишгоҳ семинари омўзишӣ  дар мавзуи “Роҳҳои навиштани лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ” баргузор гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳангоми ифтитоҳи  ин чорабинӣ  зарурияти таълифи лоиҳаҳои илмиро дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф зикр карда иброз дошт, ки амалӣ намудани онҳо барои боло бурдани сифати таълим, инкишофи риштаҳои гуногуни илм самаранок хоҳад буд. Номбурда аз олимон, омўзгорон ва кормандони донишгоҳ даъват ба амал овард, ки дар навиштану амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ-фармоишӣ саҳми фаъол гузоранд.

 
26.10.2022 10:21

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ РАВАНДҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕЪА: ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Дар ҳамин асос тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо ибтикори кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм ва эктремизм» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

 
26.10.2022 08:13

ИЗҲОРИ НИГАРОНИИ МУОВИНИ РЕКТОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮЙИ ИХТИСОС

Мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ  Ахиева С.У. ҷаласаро, ки дар  таърихи 25 октябри соли 2022 ҷиҳати баррасии масоили марбут бо докторантон аз рӯйи ихтисос баргузор гардид, ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  ба таври умумӣ  78 нафар таҳсил менамоянд. Аз ин шумора танҳо 50 нафар дар ҷаласаи мазкур иштирок доранд. Мавсуф  муҳтавои баргузории ҷаласаро шарҳ дода, идомаи суханро ба  муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. дод. Ноиби ректор дар нутқи хеш  қайд намуданд, ки  вазифаҳои ин бахш, яъне докторантура аз рўи ихтисос (РhD) чунин аст: тайёр намудани докторони ватании рақобатпазир дар бозори дохилии мамлакат ва байналмилалии меҳнат;  ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рўи ихтисос (РhD) бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;  ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва рўзмарраи таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомўзӣ равона карда шудааст;  таъмини муттасили (пайдарпайи) барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

 
25.10.2022 09:00

 

ДАР ДОНИШГОҲ НАМОИШИ КИТОБ БАРГУЗОР ГАРДИД!
АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛОЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни боздид аз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр чунин ибрози назар намуд:
Мақсад аз баргузор намудани намоиши китоб дар миёни донишҷӯён рӯй овардан ба китобхонӣ, тарғиби китобхонӣ дар миёни ҷавонон, ҳифзи донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва арҷ гузоштани онҳо ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
 
25.10.2022 08:05

 

МУЛОҚОТ БО МАГИСТРАНТОН
Дар таърихи 24 октябри соли 2022 бо магистрантоне, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, мулоқоти намояндаи садорати донишгоҳ барпо гардид. Ҷаласаро мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Ахиева С.У. ифтитоҳ намуда зикр кард, ки айни замон аз 191 нафар магистрантон 48 нафар бо сабабҳои номуайян ҳузур надоранд. Дар ҷаласа асосан масоили марбут ба машғулиятҳои таълимӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои магистрантон, пешниҳод ва тасдиқоти мавзуъҳои магистрӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар заминаи мавзӯъҳои зикршуда мувини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. қайд намуданд, ки ҳар як нафар маҳистрант қабл аз ҳама бояд бо талаботи Низомномаи магистратура, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2016, таҳти № 66 шинос бошад ва дар ин баробар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хешро, ки аз талаботи низомномаи мазкур бармеоянд, ба таври ҳифз донад. Минҷумла масъалаи беш аз 0,5 ставкаи корӣ фаъолият намудани магистрант хилофи талаботи ин низомнома буда, минбаъд, дар ҳолати ошкор гардидан барояш душворӣ пеш меорад.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ