• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз248
mod_vvisit_counterДирӯз862
mod_vvisit_counterДар ҳафта5342
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterМоҳ7345
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта31543
mod_vvisit_counterҲамагӣ990758

Online 8
IP шумо: 216.73.216.128
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-05-09 08:19
23.04.2025 03:02

ИН НАВБАТ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “МАҲОРАТ – 2025” МИЁНИ ДАСТАҲОИ “СУХАНВАР” ВА “РИЁЗИДОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи қисми тарбия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2024-2025 миёни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳо маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” роҳандозӣ гардидааст.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби фарҳанги миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав имрӯз тибқи ҷадвали озмуни мазкур дар маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” дастаи "Суханвари"-и факултети филологияи тоҷик бо дастаи "Риёзидон"-и факултети математика ва информатика иштирок намуда, байни ҳамдигар баҳри тамошонбинон аз рӯи шартҳои пешбинишуда, ҳунарнамоӣ намуданд.

 
18.04.2025 03:52

 

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

 

Имрӯз, 17-уми апрели соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ ва факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ чорабинии “Таблиғи сайри фарҳангӣ ва таҳсил дар хориҷа” бахшида ба рӯзи байналмилалии забони чинӣ таҳти унвони “Ҷаззобияти чиниро эҳсос кунед ва саёҳати навро пайгирӣ намоед!” бо иштироки муовинон ва мушовирони ректор, деканҳои факултетҳо, меҳмонон ва иштироки васеъи донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
 
18.04.2025 03:46

 

МАҶЛИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МУТТАҲИДАИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

 

17 апрели соли ҷорӣ дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ маҷлиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳисоботи Қодирзода Сайвалӣ раиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ шунида шуд.
Сипас масъалаҳои зерин ба монанди иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва инчунин нақшаи кории раисони Иттифоқи касабаи устодон ва донишҷӯёни факултетҳои ДДОТ ба номи С.Айнӣ барои соли 2025-ро тасдиқ намуд.

 
18.04.2025 03:39

ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РЕКТОР” БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати Донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон, қисми тарбия, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 16-уми апрели соли равон оғози мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи “Футболи хурд” ва “Волейбол” барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар байни 14 дастаи донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарони факултетҳо оғоз гардид.

 
16.04.2025 08:51
ҶОЙГОҲИ ФИРДАВСӢ ВА “ШОҲНОМА”–И Ӯ ДАР ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ

Рӯзи 16.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои имлӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин; д.и.ф., профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон Юсуфзода дар мавзуи “«Шоҳнома» ва таърих”; д.и.ф., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода дар мавзуи “Забони

 
16.04.2025 08:46

 

ШОМИ ФАРҲАНГӢ

 

Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён аз ҷониби ансамбли “Чеҳрнамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гардид.

 

 

 
16.04.2025 08:41

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
16.04.2025 05:52

 

КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

 

Имрӯз дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба гиромидошти поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ конференсияи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои имлӣ, доктори илмҳои химия, профессор

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ