07.06.2022 08:18 |
Ташрифи намояндаи АКД Ҷопон ба донишгоҳ
6 майи соли 2022 намояндаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ариса Саито ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, аз ҳолати роҳҳои махсус барои ашхоси имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи АКД Ҷопон дар доираи “Лоиҳаи таҳияи Барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир” дар даромадгоҳҳои бинои асосӣ, биноҳои таълимӣ, китобхонаи донишгоҳ, маркази машваратӣ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, маркази қабули имтиҳонҳо, майдончаи варзишӣ ва дигар сохтору шуъбаҳои лозима бунёд гардида буданд, дидан кард ва ба истифодабарии онҳо дар донишгоҳ баҳои баланд дод.
|
04.06.2022 07:25 |
ФОРУМИ ОМӮЗГОРИИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи 1-ум июли соли 2022 дар шаҳри Маскав Форуми омӯзгории тобистонаи байналмилалии “Ҷамъиятҳои муассисаҳои таълимӣ ва навгониҳо” баргузор мегардад. Ташкилкунандагон — Фонди Рибаков, Мактаби педагогии Донишгоњи федералии Далнивосток ва Институти таҳсилоти Мактаби олии иктисодиёти Маскав.
Ҳадафи форуми мазкур - ин рушди ҷомъиятҳои педагогӣ: ташаккули робитаҳои уфуқӣ байни иштирокчиён, таҳкими робитаҳои тарафайн, муҳокимаи навовариҳо дар соҳаи маориф мебошад.
|
03.06.2022 07:49 |
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
2 июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба рафти баргузор намудани аттестатсияи аспирантону унвонҷӯён, оиди натиҷагирии даври фаъоли сессияи тобистонаи донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ, оиди вазъи иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар факултетҳои равияи илмҳои педагогӣ ва доир ба вазъи иҷрои нақшаи кории қисми тарбия дар асоси консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
|
03.06.2022 07:34 |
СЕМИНАРИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА МУШКИЛОТИ МУОСИРИ ЭКОЛОГӢ
2 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Мушкилоти муосири экологӣ” ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои биология, профессор Абдуллоҷон Эргашев баргузор гардид. Семинарро декани факултети география дотсент Аҳрор Қаландаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ аз саҳми профессор Абдуллоҷон Эргашев дар рушди илми тоҷик ёдовар шуда, қайд кард, ки мавсуф муаллифи зиёда аз 305 кори илмӣ, аз ҷумла 4 ихтироот, 8 монография ва 9 китоби дарсӣ мебошад. Инчунин таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.
|
28.05.2022 06:51 |
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ ОНЛАЙНИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
26 майи соли 2022 "Симпозиуми онлайнии Осиёи Марказӣ - Семинар оид ба тасдиқи консепсияи ҳисоботи минтақавӣ доир ба сиёсати муносибат ба омӯзгорон" баргузор гардид, ки дар он омўзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд. Семинари мазкур дуюмин дар силсилаи семинарҳои муштаракест, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони «Омӯзгорони соҳибихтисос - Миллати соҳибихтисос» ташкил карда мешавад. ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҷалби коршиносонӣ хориҷӣ ва мушовирони маҳалӣ сохтори ҳисоботи минтақавиро доир ба сиёсати нисбати омӯзгорон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуданд.
|
28.05.2022 06:35 |
НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ДАР РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР
28 майи соли 2022 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар” бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” ва ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод.
|
26.05.2022 13:48 |
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ “ШИКАСТИ ФИТНА”
26 майи соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили марбут ба беҳтар намудани раванди таълим, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва ҳамзамон мушкилоти рӯзмарраи ҷомеа ба мисли пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз тарафи устодону донишҷӯён баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур омӯзгорону кормандони донишгоҳ филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо карда, дар бораи мӯҳтавои он ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки хоинону бадхоҳони миллат дар тӯли таърих ҳеч гоҳе ба марому мақсадҳои нопоки хеш нарасидаанд ва амалҳои зишту ноадолатонаи ин гуна афрод дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мегардад.
|
26.05.2022 13:33 |
ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮИ ДУНЁ...
Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон Рӯзи химикон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат 26 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Зи кимиё ёфт равнақ рӯи дунё” баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро ба Рӯзи химикон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пас аз амалӣ гардидани системаи маълумоти бисёрзигаӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо шуд.
|
|
|
|